ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

МУБОРИЗА БО ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ-САМТИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ДАВЛАТӢ. Дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон «Стратегияи муқовимат ба терроризм ва экстремизм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ гардид

26 ноябри соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо иштироки намояндагони дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе, Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, ҳамчунин роҳбарият, омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ вохӯрӣ таҳти унвони “Амалисозии Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.

 

Муовини якум, муовини ректор оид ба таълим Қурбонов Абдукарим Раҳимович кори ҷаласаро оғоз намуда, меҳмононро ба аҳли толор шинос кард.

Ҳамзамон қайд намуд, ки вохӯрӣ тибқи пешниҳоди Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе бо омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯён баргузор шуда, ба масъалаҳои хатарҳои эҳтимолии терроризм ва экстремизм, сатҳи ҷинояткорӣ, махсусан дар байни ҷавонону наврасон, истифодаи маводи мухаддир, ҳамчунин татбиқи тадбирҳои бартарафсозии камбудиҳо ва норасогиҳои ҷойдошта равона шудааст.

Дар кори ҷаласа Сардори шуъбаи мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкунии гумрук Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе, капитани хадамоти гумрук Раҷабов Саидраҳмон Таваккалович зимни баромади худ зарурати таҳкими ҳамкорӣ миёни сохторҳои давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва воситаҳои ахбори оммаро таъкид намуд.

Сипас суханро Сарнозири шуъбаи мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкунии гумрук Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе, майори хадамоти гумрук Мирзоиён Рустам Мирзо идома дода, қайд намуд, ки дар шароити пур аз таззод, мушкилот ва ихтилофҳо, афзудан ва густариши экстремизм, фундаментализм, терроризм ва дигар зуҳуроти номатлуб ҷавонон зери таҳдид қарор доранд.

Зеро ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳо кӯшиш мекунанд мақсаду маром, ғояҳо ва нақшаҳои худро ба ҳар роҳу восита, аз ҷумла ҷалби ҷавонон амалӣ созанд.

Ҳамзамон таъкид гардид, ки ба ақидаи аксари муҳаққиқон, сиёсатшиносон ва рӯзноманигорон, экстремизм бештар дар соҳаи дин мушоҳида мешавад ва ин падида дар тамоми гӯшаву канори ҷаҳон вомехӯрад.

Сардори шуъбаи ташхиси криминалистии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, полковники милитсия, Сиддиқзода Абдуҷаббор Аъзам низ зимни баромади худ оид ба шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои тундрав изҳори назар намуда, таъкид кард, ки сатҳи ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон назаррас аст.

Сабаби асосии ин ҳолат, пеш аз ҳама, истифодаи нодуруст ва ғайримақсадноки шабакаҳои иҷтимоӣ мебошад. Ба донишҷӯён тавсия дода шуд, ки ба гурӯҳҳои номаълум ҳамроҳ нашаванд ва саҳифаҳои шубҳанокро пайгирӣ накунанд.

Дар фарҷоми ҷаласа Қурбонов Абдукарим таъкид намуд, ки таҳкими тартиботи ҳуқуқӣ, эҳтироми қонун ва тарбияи маънавии ҷавонон вазифаи умумии ҷомеа мебошад ва донишҷӯён ҳамчун насли созанда бояд дар ин ҷода пешсаф бошанд.

Бо иқтибос аз суханҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид гардид, ки вазъи сиёсию иқтисодӣ ва амнияти ҷаҳонӣ, нооромӣ ва низоъҳо моро водор месозанд, ки барои пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва таъмини пешрафти устувори иқтисодиёт тадбирҳои мушаххасу мақсаднок андешем.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: