ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Кормандони мақомоти гумрук дар роҳпаймоии идона бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карданд

24 ноябри соли 2025 кормандони Хадамоти гумрук назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорабинии бошукӯҳи идона, ки ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда буд ва дар Муассисаи давлатии «Майдони Истиқлол» баргузор гардид, бо масъулияти баланд ва рӯҳияи баланди ватандӯстӣ иштирок намуданд.

 

Дар чорабинӣ садҳо намояндагони сохторҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳузур доштанд. Саҳни «Майдони Истиқлол» аз субҳ бо ороишоти идона, рамзҳои давлатӣ ва ҳузури иштирокчиёни роҳпаймоӣ пур гардид. Кормандони мақомоти гумрук дар сафи пеши роҳпаймоён бо намуди намунавӣ ва эҳтиром ба Парчами давлатӣ — яке аз муқаддасоти миллӣ — бо қадамҳои ҳамоҳанг ва созгор роҳ рафтанд.

Дар роҳпаймоии тантанавӣ намояндагони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, ҷавонон ва варзишгарон, хизматчиёни давлатӣ, омӯзгорон ва муҳаққиқон, инчунин донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии шаҳри Душанбе ширкат варзиданд. Ҳамаи иштирокчиён бо иттиҳоду ҳамбастагӣ ва эҳсоси гарми арҷгузорӣ ба рамзҳои давлатӣ таҷассумгари арзишҳои миллӣ, дӯстию ваҳдат ва эҳсоси баланди ватандорӣ буданд.

Роҳпаймоӣ на танҳо таҷассуми эҳтиром ба Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, балки саҳми арзанда дар таҳкими ҳувияти миллӣ, баланд бардоштани маърифати шаҳрвандӣ ва тақвияти эҳсоси ифтихори ватандорӣ дар миёни аҳолӣ гузошт.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: