ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

САРАЗМ-5500

Ба истиқболи 5500-солагии Саразм дар шаҳри Панҷакент сохтмони 30 иншооти гуногун идома дорад

Ба истиқболи 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ, ки моҳи сентябри соли равон бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи баланд ҷашн гирифта мешавад, дар шаҳри Панҷакент бунёди қариб 30 иншооти гуногун ба нақша гирифта шудааст.

Ба иттилои манбаъ, 4 март Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Панҷакент бо ҷараёни бунёди иншооти ҷашнӣ дар Мамнуъгоҳи таърихиву бостоншиносии «Саразм» шинос гардид.

Дар Москва ба муносибати бузургдошти 5500-солагии шаҳри бостонии Саразм намоиши аксҳо баргузор гардид

Дар Москва бо ибтикори Сафорати Тоҷикистон дар Россия ҳамоиши ҷашнӣ ва намоиши аксҳо ба муносибати бузургдошти 5500-солагии шаҳри бостонии Саразм баргузор гардид.

Дар маросими ифтитоҳи чорабинӣ Сафири Тоҷикистон дар Россия Имомуддин Сатторов роҷеъ ба таъриху фарҳанги шаҳри бостонии Саразм иброз намуд, ки он шаҳри таърихӣ дар Осиёи Миёна бо мавқеи муҳими стратегии худ ба сифати минтақаи пайвандгар миёни Амударё ва Сирдарё дар рушди он сарзамин дар ҳазорсолаҳои IV-III то милод нақши калидӣ доштааст. Зимнан роҳбари намояндагии дипломатӣ саҳми арзандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар мавриди ҳифозат ва нигаҳдошти макон ва осори таърихии Тоҷикистон, махсусан шаҳраки бостонии Саразм ва муаррифии шоистаи он ба ҷаҳониён таъкид намуд.

5500-СОЛАГИИ САРАЗМ. Ин шаҳри бостонӣ ягона ёдгории аҳди энеолит ва ибтидои асри биринҷӣ дар Варорўд мебошад

12 сентябри соли 2020 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ дар сатҳи байналмилалӣ бо даъвати меҳмонону олимони шинохтаи хориҷӣ ҷашн гирифта мешавад. Макони баргузории ин ҳамоиши сатҳи баланди илмию фарҳангӣ Саразми Панҷакати бостонӣ муқаррар шудааст. Шаҳри қадимаи Саразм ягона ёдгории аҳди энеолит ва ибтидои асри биринҷӣ дар Варорӯд буда, ба миёнаи ҳазорсолаи IV ва ибтидои ҳазорсолаи III то мелод мансуб аст, ки дар ин давра тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон ибтидо мегирад.

Page 4 of 5

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: