То имрӯз оид ба таърихи таҷлили Наврӯз баҳсу мунозираҳои илмӣ давом доранд. Муҳаққиқоне, ки оид ба таърихи пайдоиш ва густариш ёфтани иди Наврӯз тадқиқоти илмӣ бурдаанд, бештар ба мадракҳои хаттӣ такя намуда, шурӯи ҷашнгирии Наврӯзро ба давраи Империяи Ҳахоманишиҳо нисбат медиҳанд. Хулосаи фикру ақидаҳои онҳо ин аст, ки таҷлили Наврӯз ба давраҳои хеле қадими то таърихӣ (то пайдоиши хат ва аввалин давлатҳо), яъне ба замони каёниён, даврони, ба қавле «пайдоиши одаму олам» рост меояд.
Дар иртибот ба ин мавзуъ номзади илми таърих, муҳаққиқи ёдгории Саразм Абдурауф РАЗЗОҚОВ ба АМИТ «Ховар» чунин изҳори назар намуд:
—Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо такя ба далелу мадракҳои ҷадиди бостоншиносӣ борҳо зикр намудаанд, ки Наврӯз таърихи 6000-сола дорад. Ба ҳамагон маълум аст, ки Наврӯз, пеш аз ҳама, иди кишоварзон будааст.