Ба истиқболи 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ, ки моҳи сентябри соли равон бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашн гирифта мешавад, китоби калону мунаққаши адиб ва пажӯҳишгари номвар Шераки Ориён бо номи «Саразм ва баъди Саразм» ба табъ расид.
САРАЗМ-5500
«АСРОРИ САРАЗМ». «Тоҷикфилм» наворбардории филми мустанадро оғоз намуд
Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ба муносибати таҷлили 5500–солагии Саразми бостон таҳия ва наворбардории филми мустанади «Асрори Саразм»-ро оғоз намудааст.
Чанде пеш гурӯҳи эҷодии ин муассисаи фарҳангӣ ба сафари корию эҷодӣ ба шаҳри Панҷакент рафт. Зимни сафар гурӯҳи эҷодӣ аз макони ҳафриёти Саразми бостон, осорхона ва шаҳри Панҷакенти қадимӣ наворбардорӣ намуд. Ҳамзамон дар макони ҳафриёти Саразм гурӯҳи эҷодӣ бо якчанд олимони таърихшинос, донишмандон ва бостоншиносон доир ба ҳафриёт ва таърихи ин макон мусоҳибаҳо анҷом дод, ки барои таҳияи филми мустанад зарур мебошанд.
Сафари кории Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд аз Панҷакент оғоз гардид
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода зимни сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар шаҳри Панҷакент бо рафти сохтмони иншооти таъйиноти гуногун, аз ҷумла корхонаи коркарди мис, коргоҳи коркарди меваи хушк, сардхона, беморхонаи марказӣ, бинои муассисаи таълимӣ, бинои агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, иншооти ҷашнӣ дар «Мамнуъгоҳи таърихию бостоншиносии Саразм» ва бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолӣ шинос шуд.
Page 2 of 5