ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

МАЪРИФАТИ БАЛАНДИ ҲУҚУҚИИ АҲОЛӢ – КАФОЛАТИ РУШДИ КИШВАР

Рушди давлати ҳуқуқбунёд, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ, таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ фарҳанги баланди ҳуқуқиро талаб мекунад. Асос ва унсури марказии фарҳанги ҳуқуқиро маърифати ҳуқуқӣ ташкил медиҳад, зеро он ба шахс имкон медиҳад, ки доир ба имкониятҳо, ҳуқуқҳо ва уҳдадориҳои худ маълумот дошта бошад ва мазмуну моҳияти онҳоро дарк намояд.

Худ маърифати ҳуқуқӣ маҷмӯи андешаҳои одамон дар бораи қонун, татбиқи он ва фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ мебошад, ки дар шакли дониш, эътиқод, меъёрҳо ва муносибатҳои аз ҷониби ҷомеа қабулшуда ташаккул ёфтааст. Инчунин, маърифати ҳуқуқиро метавон ба маънои маҳдуд ва васеъ баррасӣ кард:

- ба маънои маҳдуд маърифати ҳуқуқӣ низоми муносибатҳоест, ки байни одамон ва ташкилотҳои гуногун дар натиҷаи ҳамкории дарозмуддати онҳо ташаккул ёфтааст. Табиист, ки ин гуна муносибатҳо бо қонун танзим ва аз тарафи давлат ҳифз карда мешаванд;

- ба маънои васеъ ин мафҳум тамоми махзани донишҳои ҳуқуқиро дар бар мегирад, ки инсоният пештар ҷамъ кардааст ва аз тарафи одамон дар ҳаёти ҳаррӯза, дар муносибат бо ҳамдигар, дар меҳнат ва дигар соҳаҳо татбиқ карда мешавад.

Маърифати баланди ҳуқуқӣ ба ташаккули ҷаҳонбинии ҳуқуқии шахс, баҳои дурусти ҳуқуқӣ додан ба кирдори худ ва пешбинӣ кардани оқибатҳои ҳуқуқии он, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои дигарон, эҳтироми арзишҳои миллию фарҳангӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, пешгирии гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ, таҳкими қонуният, таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ мусоидат менамояд.

Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон пайваста зимни суханрониҳои Пешвои муаззами миллат иброз мегардад.

Аз ҷумла, дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 22 декабри соли 2016 низ ба масоили баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандони мамлакат диққати махсус дода шуда, дар ин самт ба вазоратҳои адлия, маориф ва илм, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва дигар мақомоти давлатӣ дастур дода шуд, ки корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни аҳолӣ густариш бахшанд.

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» бармеоянд, фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024» аз 30 декабри соли 2023, № 668 ба имзо расид.

Мақсади ба тавсиб расидани фармони мазкур баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон, муносибати эҳтиромона бо он, баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он ва таъмин намудани волоияти қонун, ташаккул додани низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ, оштинопазирӣ нисбат ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ ва ногузир будани масъулияти ҳуқуқӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти тамоми субъектҳои тарғиб ва ташвиқи ҳуқуқӣ, ташкил намудани механизми самараноки ҳамкории давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад.

Бояд гуфт, ки дар меҳвари Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷомеа ва дар ин замина таъмин намудани волоияти қонун қарор дошт. Вобаста ба ин Пешвои муаззами миллат таъкид намуданд, ки «таъмин намудани рушди устувор ва босуръати мамлакат танзими ҳуқуқии саривақтӣ ва ҳамаҷонибаро талаб менамояд. Қонунгузорӣ бояд пайваста такмил дода шавад ва ҳамқадами ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ бошад». Такмили босуръати қонунгузорӣ ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии нав, инчунин ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунгузории амалкунанда вазифаи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолиро, ки ҳам дар итоаткории қонун ва ҳам дар фаъолияти ҳуқуқӣ зоҳир мешавад, талаб менамояд. Ҳанӯз Арасту қайд карда буд, ки “қонунҳои муфидтарин ҳеҷ фоидае нахоҳад овард, агар шаҳрвандон ба тартиботи давлатӣ одат накунанд ва дар руҳияи он тарбия наёбанд”.

Шуурнокии ҳуқуқии шаҳрвандон аз бисёр ҷиҳат муайянкунандаи дараҷаи рушди давлат ва таъмингари эътибори он дар миқёси ҷаҳони муосир аст.

Месазад, ки дар партави иқдомҳои дурандешонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳрвандон дар доираи эълони соли 2024 – ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ» баҳри боло бурдани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ даст ба кор бошанд ва сифати баланди баргузории чорабиниҳои нақшавиро дар ин самт татбиқ намоянд.

Танҳо ба василаи маърифати баланди ҳуқуқӣ метавон ҷомеаи шаҳрвандӣ бунёд намуд, барои аз худ намудани донишҳои ҳуқуқӣ, эҳтирому риояи Конститутсия ва дигар қонунгузории амалкунандаи мамлакат аз ҷониби шаҳрвандон ва дар раванди эъмори давлати ҳуқуқбунёд саҳм гузоштани онҳо натиҷаҳои назаррасро ба бор хоҳад овард. Хотирнишон бояд кард, ки эъмори давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ маърифати баланди ҳуқуқиро тақозо менамояд ва бидуни он арзишҳои бунёдӣ ва принсипҳои ҷомеа, аз қабили волоияти қонун, афзалияти ҳуқуқу озодӣ, ҳифзи манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрванд наметавонанд комилан амалӣ шаванд.

Ҳамин тавр, эълон гардидани соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии ҷомеа, пешгирии кирдорҳои номатлуб аз ҷониби наврасон, коҳиш додани шомилшавии ҷавонон ба ташкилоту гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ва ба вуҷуд овардани як мафкураи комили зиндагии мусолиҳатомез ва беолоиш мусоидат менамояд.

Қурбонзода Фаридуни Маҳмадулло,

нозири Раёсати таъмини ҳуқуқӣ,

лейтенанти хадамоти гумрук

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: