ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

“Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон намудани соли 2024 аз ҷониби Пешвои муаззами миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Соли 2024 ба ифтихори 30- солагии Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардид, ки ин мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистонро водор месозад, то кӯшиш ба харҷ диҳад, ки дар сатҳи баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ саҳми бештар гузорад.

 

Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024 ва тавъам донистани он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо маънои амиқ дорад, балки тадбири муҳими саривақтӣ барои бунёди ҷомеаи мутамаддин, сохтани шахси комил ва эъмори давлати ободу муосири миллӣ мебошад. Иброз гардид, ки амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлат тақвият ёбанд, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ таҳким бахшида шавад, рушди устувори иқтисодӣ таъмин ва барои ҳар шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона муҳайё гардад.

Инчунин, яке аз дастовардҳои нахустини даврони соҳибистиқлолӣ- ин қабули Конститутсия мебошад. Зеро ба андешаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми мамлакатро фароҳам оварда, яке аз дастовардҳои муҳимтарини мо мебошад».

Дар доираи сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин санади сарнавиштсоз аз ҷониби мардуми мамлакат қабул гардид. То имрӯз дар заминаи ин ҳуҷҷати дурнамосоз якчанд санади меъёрӣ-ҳуқуқӣ аз ҷумла, Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», қабул шуд, ки ба раванди рушди бонизоми мамлакат мусоидат менамоянд.

Таҷрибаи кишварҳои мутамаддин нишонаи он аст, ки рушди низоми демократӣ ва амалӣ гардидани иродаи халқ дар сатҳи ҳокимият аз сатҳи маърифати ҳуқуқии тамоми қишрҳои ҷомеа вобастагӣ дорад. Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз вазифаҳои муҳимтарин ва аввалиндараҷаи давлатҳое мебошад, ки роҳи бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёдро интихоб намудаанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қисми якуми моддаи 1-и Конститутсияи мамлакат давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон шудааст.

Арзишҳои гуфташуда собит менамоянд, ки дар таърихи инсоният онҳо аз арзишҳо дар самти таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд беҳтар дониста мешаванд.Ҳамзамон изҳор гардид, ки баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон пайваста зимни суханрониҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз мегардад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 22 декабри соли 2016 низ ба масоили баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандони мамлакат диққати махсус дода шуда, дар ин самт ба вазоратҳои адлия, маориф ва илм, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва дигар мақомоти давлатӣ дастур дода шуд, ки корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни аҳолӣ густариш бахшанд.

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» бармеоянд, фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024» аз 30 декабри соли 2023, № 668, ба имзо расид.

Мақсад аз ба тавсиб расидани фармони мазкур, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон, муносибати эҳтиромона бо он, баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он ва таъмин намудани волоияти қонун, ташаккул додани низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ, оштинопазирӣ нисбат ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ ва ногузир будани масъулияти ҳуқуқӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти тамоми субъектҳои тарғиб ва ташвиқи ҳуқуқӣ, ташкил намудани механизми самараноки ҳамкории давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад.

Бояд гуфт, ки дар меҳвари Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷомеа ва дар ин замина таъмин намудани волоияти қонун қарор дошт. Вобаста ба ин Пешвои муаззами миллат таъкид намуданд, ки «таъмин намудани рушди устувор ва босуръати мамлакат танзими ҳуқуқии саривақтӣ ва ҳамаҷониба талаб менамояд. Қонунгузорӣ бояд пайваста такмил дода шавад ва ҳамқадами ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ бошад».

Анҷом додани тадбирҳои зикргардида арзиши олӣ будани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро таъмин намуда, ба эҳтиром ва риояи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, тақвияти майлу хоҳиши шаҳрвандон ба донишҳои соҳаи ҳуқуқ, васеъ намудани дастрасии шаҳрвандон ба иттилооти ҳуқуқӣ, иштироки фаъолонаи шаҳрвандон дар фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ ва паст гардидани сатҳи ҳуқуқвайронкунӣ, пешгирии ҷинояткориҳо ва ғайраҳо мусоидат менамояд.

Хотирнишон бояд кард, эъмори давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ маърифати баланди ҳуқуқиро тақозо менамояд, бидуни он арзишҳои бунёдӣ ва принсипҳои ҷомеа, аз қабили волоияти қонун, афзалияти ҳуқуқу озодӣ, ҳифзи манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрванд наметавонанд, комилан амалӣ шаванд. Танҳо ба василаи маърифати баланди ҳуқуқӣ метавон ҷомеаи шаҳрвандӣ бунёд намуд, барои аз худ намудани донишҳои ҳуқуқӣ, эҳтирому риояи Конститутсия ва дигар қонунгузории амалкунандаи мамлакат аз ҷониби шаҳрвандон ва дар раванди эъмори давлати ҳуқуқбунёд саҳм гузоштани онҳо натиҷаҳои назаррасро ба бор хоҳад оварда.

Ҳамин тавр, эълон гардидани соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии ҷомеа, пешгирии кирдорҳои номатлуб аз ҷониби наврасон, коҳиш додани шомилшавии ҷавонон ба ташкилоту гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ва ба вуҷуд овардани як мафкураи комили зиндагии мусолиҳатомез ва беолоиш мусоидат менамояд.

 

Нозири калони Раёсати таъмини ҳуқуқӣ,

капитани хадамоти гумрук

Холиқов Муҳаммадҷон Салимович

 

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: