Рушди давлати ҳуқуқбунёд, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ, таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ фарҳанги баланди ҳуқуқиро талаб мекунад. Асос ва унсури марказии фарҳанги ҳуқуқиро маърифати ҳуқуқӣ ташкил медиҳад, зеро он ба шахс имкон медиҳад, ки доир ба имкониятҳо, ҳуқуқҳо ва уҳдадориҳои худ маълумот дошта бошад ва мазмуну моҳияти онҳоро дарк намояд.
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ
Тавзеҳот ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024» аз 30 декабри соли 2023, №668
30.12.2023 17:01, шаҳри Душанбе
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» бармеоянд, фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024» аз 30 декабри соли 2023, №668 қабул гардид.
ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН №668
Дар бораи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад.
2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои фармони мазкур дар муҳлати як моҳ нақшаи чорабиниҳоро таҳия ва барои тасдиқ пешниҳод намояд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
30 декабри соли 2023
Page 1 of 2