Эҳёи Саразми бостонӣ, муаррифии шоиставу пурдалели он ба ҷаҳониён, таҷлили 5500-солагии ин марзи куҳантаърих маҳз бо ному кӯшишу азму иродаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рабт дорад Зеро Президенти ҷумҳурӣ дар татбиқи тадбирҳо ба муносибати ҷашни 5500-солагии Саразми бостонӣ аз кулли масъулин бештар фаъол буданд. Ин матлаб дар мақолаи президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод РАҲИМӢ, ки дар ҳошияи ҷашни Саразм рӯйи коғаз омада, ба АМИТ «Ховар» пешниҳод гардидааст, махсус таъкид шудааст.
САРАЗМ-5500
5500-солагии Саразм: Асари Борис Маршак «Искусство Согда» ба тоҷикӣ баргардон шуд
Асари бостоншинос ва шарқшиноси маъруфи рус Борис Маршак, ки як навъ таҳқиқоти ҷамъбастӣ доир ба олами пурасрори ҳунари сарзамини Суғди бостонӣ маҳсуб мешавад, таҳти унвони “Ҳунари Суғди Бостон” ба ифтихори 5500-солагии Саразми бостонӣ зери назари академик Фарҳод Раҳимӣ ба тоҷикӣ баргардон ва чоп шуд.
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои ҷашни 5500-солагии Саразм
Нимаи дуюми рӯзи 12 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар тантанаҳои ҷашнӣ бахшида ба 5500-солагии Саразм, ба ин макони таърихӣ ташриф оварданд.
Page 1 of 5