ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ТОҶИКИСТОН

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ «Қасри паҳлавонони суғдӣ» ва майдончаи бозии футболро ифтитоҳ намуданд

5 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ «Қасри паҳлавонони суғдӣ» ва майдончаи бозии футболро ифтитоҳ намуданд.

Иншооти нави соҳаи варзиш бо ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди соҳаи варзиш ва дар доираи тадбирҳои созандагӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бунёд шудааст.

«ЧЕҲРАҲОИ МОНДАГОР». Нашри дуюми асари безаволи Президенти Тоҷикистон дар таҳрири нав ба табъ расид

Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашри дуюми асари безаволи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Чеҳраҳои мондагор» дар таҳрири нав бо теъдоди 10 ҳазор нусха аз ҷониби нашриёти «Эр-Граф» рӯйи чоп омад.

«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». «Шоҳҷоиза»-и ин озмуни ҷумҳуриявиро шаҳри Душанбе ба даст овард

15 апрел дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии гулҳо «Сайри гули лола» баргузор гардид, ки дар он «Шоҳҷоиза»-и озмунро шаҳри Душанбе ба даст овард.

Фестивали мазкур аз рӯи 10 номинатсия баргузор гардида, дар он ба ҳар номинатсия се ҷой ғолиб дониста шуд. Аз ҷумла, дар номинатсияи «Гулпарвари беҳтарин» -ҷойи якум ба гулпарвари Муассисаи давлатии «Боғи Ирам» Фирўза Зоирова, ҷойи дуюм ба гулпарвар — Абдусалом Шодибеков аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва ҷойи сеюм ба Соҳибдавлат Назаров аз шаҳри Турсунзода дода шуд. Дар номинатсияи «Гулгашту хиёбон» ба Гулгашти Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» ҷойи якум, Гулгашти назди Сирки давлатӣ ҷойи дуюм ва Гулгашти деҳаи Қайнари ноҳияи Восеъ ҷойи сеюм дода шуд.

Page 2 of 3

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: