Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе 2 июн дар пойтахт даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунар омӯз…» баргузор мегардад.
Фестивали мазкур барои эҳё намудани ҳунарҳои миллии ниёгон, баланд бардоштани ифтихори миллӣ, арҷгузорӣ ба фарҳанги воло, тарбияи зебоипарастӣ, тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, ба касбомӯзӣ ҷалб кардани занону духтарон ва ба насли оянда пешкаш намудану ба мерос мондани ҳунари аҷдодӣ мусоидат менамояд.