То ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ бунёду навсозии 405 иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст. Аз ин шумора то имрӯз 238 иншооти ҷашнӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд. Айни замон дар 128 иншооти дигари ҷашнии ноҳия корҳои сохтмону навсозӣ босуръат идома доранд. Лоиҳаи бунёди 29 иншооти дигар тарҳрезӣ шуда, рӯзҳои наздик корҳои сохтмонӣ дар онҳо оғоз мешаванд. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТ
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи истеҳсоли собун ва хокаи ҷомашӯӣ ба истифода дода мешавад
Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, соли 2020 дар ноҳия бунёди 12 коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда дар назар аст. Аз ҷумла, то охири соли равон дар маркази ноҳия- Ҷамоати шаҳраки Ғафуров бо ибтикори ҶДММ «Озода косметик» корхонаи истеҳсоли собун ва хокаи ҷомашӯӣ ба истифода дода мешавад. То имрӯз ба коргоҳ хати муосири технологӣ ворид ва он насб гардида, ҳоло аз ҷониби мутахассисон корҳои таҷрибавии истеҳсолӣ ба роҳ монда шудаанд.
Варзоб: бунёди 112 иншоот ба шарафи ҷашни 30-солагии Истиқлолият бо дастгирии соҳибкорони ватанӣ
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб ҷиҳати дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 270 иншоотро ба нақша гирифтааст, ки аз он 12 адад муассисаи таълимӣ, 4 муассисаи томактабӣ, 15 толори варзишӣ, 10 бунгоҳи тиббӣ, 11 коргоҳи дӯзандагӣ, 2 дорухона ва дигар намуди иншооти хизматрасонӣ мебошанд. То имрӯз бо дастгирии соҳибкорони бонангу номуси ватанӣ 112 адад иншооти ба шарафи ин ҷашни миллӣ бунёдшаванда, аз қабили синфхонаҳои иловагӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, коргоҳҳои истеҳсолӣ, коргоҳҳои дӯзандагӣ, минтақаҳои истироҳатӣ ва майдончаҳои варзишӣ ба истифода дода шудаанд. Ҳоло сохтмони 71 адад иншооти ҷашнӣ босуръат идома дорад.
Page 17 of 23