Ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бунёди иншооти калонҳаҷми соҳаи тандурустӣ-бинои Маркази перинаталӣ дар шаҳри Бохтар, Беморхонаи бисёрсоҳавӣ бо 200 кати бистарикунонӣ ва Маркази саломатӣ бо 300 ҷои қабули беморон дар ноҳияи Қубодиён, Маркази табобати бемориҳои қалб дар шаҳри Бохтар ва Беморхонаи рақамӣ дар ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ идома дорад.
30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТ
Дар Суғд 459 иншооти соҳаи тандурустӣ ба истифода дода мешавад
Ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд сохтмон, навсозӣ ва таъмири 459 иншооти соҳаи тандурустӣ ба нақша гирифта шудааст, ки аз ин шумора 64 адад беморхона, 118 адад бунгоҳи саломатӣ, 86 адад марказҳои саломатӣ, 18 адад таваллудхонаҳо, 101 адад нуқтаҳои хатна ва 72 адад дорухонаҳо мебошанд.
ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар Суғд қариб 10 ҳазор иншоот бунёд ва таҷдид мешаванд
Ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бунёд ва таҷдиди қариб 10 ҳазор иншооти ҷашнии истеҳсолию иҷтимоӣ пешбинӣ гардидааст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Соли равон бунёди 1895 иншоот ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 1376 иншоот ба истифода дода шудаанд, ки 72,6 фоизи нақшаи солонаро дар бар мегирад. Дар маҷмӯъ, то ин давра қариб 5394 иншооти гуногун мавриди истифода қарор гирифта, нақшаи умумӣ 75,0 фоиз иҷро шудааст.
Page 13 of 23