Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони зиёда аз 610 иншооти гуногунро ба нақша гирифтааст. То имрӯз зиёда аз 400 иншооти дорои аҳамияти маҳаллию ҷумҳуриявӣ мавриди истифода қарор гирифта, барои 522 нафар сокинони шаҳр ҷои кори доимӣ пайдо гардид.
30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТ
ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар Варзоб соҳибкорони маҳаллӣ беш аз 40 иншооти таъйиноти гуногун бунёд намуданд
Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ беш аз 40 иншооти таъйиноташон гуногун, аз қабили муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 64 дар деҳоти Гулбоғ, толори варзиш, маркази забономӯзӣ, дорухонаҳо дар деҳаи Чорбоғ, хоҷагии мурғпарварӣ, хати оби ошомиданӣ, майдончаи варзиш, сехи дӯзандагӣ дар деҳоти Лучоб мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Варзоб хабар медиҳад.
ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Соҳибкорони Нуробод ба шарафи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ 211 иншоот бунёд мекунанд
Ҷиҳати бунёди иншооти таъйиноташон гуногун бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Нуробод 248 иншоот ба нақша гирифта шуда, аз ин 159 адад мавриди истифода қарор гирифтааст. Аз шумораи умумии иншооти ҷашнӣ 37 адад аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва 211 адади дигар аз ҳисоби соҳибкорони ватандӯсти маҳаллӣ бунёд мегарданд.
Page 12 of 23