То ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб таъмиру барқарорсозӣ ва бунёди 873 иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст.
Имрӯзҳо дар шаҳри Кӯлоб корҳои ободонию созандагӣ бомаром идома дошта, бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар маҳаллаҳои шаҳр биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ бунёд гардида истодаанд.