Китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров,¸ки ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бознашр гардидааст, ҳамчун туҳфаи гаронарзиш аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастраси оилаҳои шаҳри Ваҳдат гардид. Дар ин хусус дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» муовини Раиси шаҳри Ваҳдат Фарзона Хоҷазода иттилоъ дод.
30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТ
Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳунар беҳтар аз зар бувад» ҷамъбаст гардид
Ба ифтихори 30-солагии Иcтиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо ташаббуси Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 апрел дар Муассисаи давлатии «Боғи Ирам» даври ҷамъбастии Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳунар беҳтар аз зар бувад» доир шуд. Дар даври ҷамъбастии фестивали мазкур тибқи хулосаи ҳакамон ҷойи аввал насиби ҳунармандони шаҳри Душанбе шуда, ҷойи дуюмро ҳунармандони вилоятҳои Хатлону Бадахшон ва ҷойи сеюмро ҳунармандони вилояти Суғду ноҳияи Рӯдакӣ сазовор гардиданд. Ба ғолибони ҷойҳои ифтихорӣ Ҷом, диплом ва туҳфаҳои молӣ тақдим гардида, иштирокчиёни фаъоли фестивал бо Ифтихорнома ва туҳфаҳо қадрдонӣ шуданд.
Дар Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Матлубахон Сатториён як қатор иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуданд
Дар шаҳри Ҳисор тантанаҳои Наврӯзӣ бо ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашние, ки ба ифтихори ҷашни бузурги 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ёфтаанд, оғоз гардид. Дар ифтитоҳи иншооти мазкур муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода, вакилони Маҷлиси намояндагон Сурайё Дӯстмуродзода ва Ранохон Бобоҷониён иштирок доштанд. Муовини Сарвазири мамлакат дар деҳаҳои Шӯроби Ҷамоати деҳоти Сомон толори варзишӣ, Лолагии Ҷамоати деҳоти Навобод маркази савдо ва хизматрасонӣ, мағоза ва толори варзишӣ, корхонаи ҳунарҳои мардумии табақтарошӣ ва гавҳораю сандуқсозӣ, Хоҷаилдиёри Ҷамоати деҳоти Мирзо Ризо ошхонаи миллӣ, дар кӯчаи Исмоили Сомонии Ҷамоати шаҳраки Ҳисор клиникаи хусусии «Наҷотбахш» ва дар кӯчаи Дӯстии Ҷамоати шаҳраки Шарора маркази савдою хизматрасонии «Кӯли Сўфиён», маркази савдо ва сехи дӯзандагиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Page 7 of 23