ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар Восеъ 137 маркази хизматрасонӣ мавриди истифода қарор мегирад

То ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ бунёду навсозии 405 иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст. Аз ин шумора то имрӯз 238 иншооти ҷашнӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд. Айни замон дар 128 иншооти дигари ҷашнии ноҳия корҳои сохтмону навсозӣ босуръат идома доранд. Лоиҳаи бунёди 29 иншооти дигар тарҳрезӣ шуда, рӯзҳои наздик корҳои сохтмонӣ дар онҳо оғоз мешаванд. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

 

То таҷлили ҷашни миллӣ бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва соҳибкорони маҳаллӣ иваз намудани болопӯши хонаҳои баландошёнаи истиқоматӣ ва рангубори намои онҳо ба нақша гирифта шудааст.

«То ҷашни фархундаи миллӣ бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ ва ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ дар ноҳия сохтмону навсозии 22 корхонаи хурду калони истеҳсолӣ, аз ҷумла маркази тиҷоратию хизматрасонӣ бо коргоҳи адрасбофӣ ва нуқтаҳои хизматрасонии маишӣ дар деҳоти ба номи Рӯдакӣ, ба кор даровардани хати нави истеҳсолӣ дар шафати корхонаи ҶСП «Хоҷамуъмин», сохтмони гимназияи хусусӣ, 2 муассисаи томактабӣ, синфхонаҳои иловагӣ дар назди 15 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо фарогирии 3000 ҷойи нишаст, 12 иншооти фарҳангӣ (клубу китобхона ва боғу гулгаштҳои фароғатӣ), 22 майдонча ва толори варзиш, 38 иншооти тиббӣ, 137 маркази хизматрасонӣ бо фарогирии ҳаммом, меҳмонхона, сартарошхона, кошонаи ҳусн ва дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ, 8 бинои маъмурӣ, 6 хонаи истиқоматии миёнаошёна, таъмири 15 бинои истиқоматии 2 ва 4 — ошёна, кашидани хатҳои оби нӯшокӣ ба масофаи 38 км ва барқ ба масофаи 3,5 км, чароғонкунии кӯчаҳо ва шинондани 4 трансформатори нав ба анҷом хоҳанд расид. Ҳамчунин мавзеи таърихии «Қайнар» дар деҳоти ба номи М. Вайсов бо тарҳи муосир эҳё ва барқарор мегардад»,-афзуд манбаъ.

Имрӯзҳо симои меъмории маркази ноҳияи Восеъ — шаҳраки Ҳулбук ба куллӣ дигаргун гаштааст. Қомат афрохтани қасри фарҳанг, бинои КИ ҲХДТ дар ноҳия, таъмиру таҷдиди бинои беморхонаи марказӣ, навсозии гулгашти фароғатӣ бо пайкараи Қаҳрамони халқи тоҷик Восеъ, сохтмони маркази тиҷоратӣ бо силсилануқтаҳои хидматрасонӣ, таҷдиду навсозии боғи фарҳангӣ — истироҳатӣ ҳусни шаҳракро даҳчанд афзудаанд.

Сокинони ноҳияи Восеъ азм доранд, ки то таҷлили ин ҷашни мубораки Ватан корҳои созандагию ободониро ба анҷом расонида, ҳар яке дар мураттабсозии манзили истиқоматӣ ва маҳалли хеш саҳми босазо гузоранд.

/АМИТ «Ховар»/.

Варзиш-Артиш-Умумӣ

uuu(20)
Варзиш-Артиш-Умумӣ
Тамошои акс
uuu(19)
Варзиш-Артиш-Умумӣ
Тамошои акс
uuu(18)
Варзиш-Артиш-Умумӣ
Тамошои акс
uuu(17)
Варзиш-Артиш-Умумӣ
Тамошои акс
uuu(16)
Варзиш-Артиш-Умумӣ
Тамошои акс
uuu(15)
Варзиш-Артиш-Умумӣ
Тамошои акс
uuu(14)
Варзиш-Артиш-Умумӣ
Тамошои акс
uuu(13)
Варзиш-Артиш-Умумӣ
Тамошои акс
uuu(12)
Варзиш-Артиш-Умумӣ
Тамошои акс
uuu(11)
Варзиш-Артиш-Умумӣ
Тамошои акс
uuu(10)
Варзиш-Артиш-Умумӣ
Тамошои акс
uuu(9)
Варзиш-Артиш-Умумӣ
Тамошои акс
uuu(8)
Варзиш-Артиш-Умумӣ
Тамошои акс
uuu(7)
Варзиш-Артиш-Умумӣ
Тамошои акс
uuu(6)
Варзиш-Артиш-Умумӣ
Тамошои акс
uuu(5)
Варзиш-Артиш-Умумӣ
Тамошои акс
uuu(4)
Варзиш-Артиш-Умумӣ
Тамошои акс
uuu(3)
Варзиш-Артиш-Умумӣ
Тамошои акс
uuu(2)
Варзиш-Артиш-Умумӣ
Тамошои акс
uuu(1)
Варзиш-Артиш-Умумӣ
Тамошои акс

Тандурустӣ

т(17)
Тандурустӣ
Тамошои акс
т(16)
Тандурустӣ
Тамошои акс
т(15)
Тандурустӣ
Тамошои акс
т(14)
Тандурустӣ
Тамошои акс
т(13)
Тандурустӣ
Тамошои акс
т(12)
Тандурустӣ
Тамошои акс
т(11)
Тандурустӣ
Тамошои акс
т(10)
Тандурустӣ
Тамошои акс
т(9)
Тандурустӣ
Тамошои акс
т(8)
Тандурустӣ
Тамошои акс
т(7)
Тандурустӣ
Тамошои акс
т(6)
Тандурустӣ
Тамошои акс
т(5)
Тандурустӣ
Тамошои акс
т(4)
Тандурустӣ
Тамошои акс
т(3)
Тандурустӣ
Тамошои акс
т(2)
Тандурустӣ
Тамошои акс
т(1)
Тандурустӣ
Тамошои акс

Маориф

Иншоот

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: