Чоп

Сохтмончиёни Мастчоҳ аз масолеҳи сохтмонӣ ва таҷҳизоти истеҳсолии корхонаҳои ватанӣ пурсамар истифода мебаранд

Аз Муаллиф Қисмат: 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТ Нигоҳ: 44

ДУШАНБЕ, 04.02.2020. Дар шаҳраки Ганҷободи ҷамоати шаҳраки Суғдиёни ноҳияи Мастчоҳ бо мақсади беҳтар намудани шароити таълиму тарбия барои 360 нафар хонанда муассисаи нави таълимӣ бунёд мегардад. Барои сохтмони иншооти мазкур аз ҳисоби буҷети давлатӣ 12 миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст. 

 

Бино ба иттилои манбаъ, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ ба масъулин бобати дар муҳлати пешбинишуда ба истифода додани муассисаи таълимӣ дастур дод. Ҳамчунин супориш дода шуд, ки дар рафти корҳои бунёдӣ аз масолеҳи сохтмонӣ ва таҷҳизоти истеҳсолии корхонаҳои ватанӣ, аз ҷумла дару тиреза ва мизу курсиҳо самаранок истифода карда шавад.

Мавриди зикр аст, ки бинои таълимӣ бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар ду баст сохта шуда, фармоишгар Идораи сохтмони асосии вилоят ва паймонкор ҶДММ «Сохтмон — 3» — и ноҳия мебошад.

Имрӯзҳо корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур босуръат идома дошта, ба он беш аз 40 нафар сохтмончиёни маҳаллӣ ҷалб гардидаанд.

Ёдовар мешавем, ки бо мақсади дар сатҳи баланд ва бо дастовардҳои арзанда пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ як зумра иншооти иҷтимоӣ бунёд мегарданд.

/АМИТ «Ховар»/.