ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ИСТИҚЛОЛИЯТИ ТОҶИКИСТОН ВА ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Муаррифии бахши нави АМИТ «Ховар» ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар арафаи 29-солагӣ ва ба ифтихори 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» бахши наверо зери унвони «Истиқлолияти Тоҷикистон ва Пешвои миллат» ифтитоҳ мекунад.

Дар зер бахши навро муаррифӣ менамоем.

Мегӯянд, ки таърихе ҷаззобтар аз худи таърих вуҷуд надорад.

Аммо таърихро шахсиятҳои барҷаста меофаранд, ки бо андеша, сухан ва аъмоли худ ба зиндагии як халқ ва ё кишвари том таъсири бузург мегузоранд.

Онҳо бо зиндагии шоистаи худ ба дигар инсонҳои рӯи Замин намунаи ибрат нишон медиҳанд.

Аз онҳо чизҳои зиёдеро метавон омӯхт, ба онҳо метавон баробар шуд.

Онҳо бо пиндору гуфтор ва рафтори худ собит месозанд, ки агар кас завқу хоҳиш дошта бошад, дар назди худ ҳадафи мушаххас бигузорад ва ҷиҳати расидан ба он саъй ва кӯшиш намояд, роҳи ҳаллу фасли ҳар гуна мушкилот ва иҷрои вазоифи мухталиф, ҳатто бениҳоят мураккаб ва миқёсан бузургро хоҳад дарёфт.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин шахсияти миқёси ҷаҳонӣ дар таърихи миллати тоҷик мебошанд. Сарвари давлат ибораи зеринро дӯст медоранд ва ҳар гоҳ дар мавридҳои мувофиқ онро ба забон меоваранд: «Дар дунё кори намешуданӣ нест, агар завқу хоҳиш бошад».

Формулаи сулҳи тоҷикон маҳз ба Пешвои миллат мутааллиқ аст. Сарвари давлати Тоҷикистон ба тамоми ҷаҳон нишон доданд, ки ҷуз ин роҳи дигару беҳтари ҳаллу фасли низоъҳо вуҷуд надорад.

 

Имрӯз дар тамоми ҷаҳон таҷрибаи беназири меъмории сулҳ ва ваҳдати миллии Тоҷикистон вирди забонҳост. Ин таҷриба мавзӯи маърӯзаҳо ва суханрониҳо дар конфронсҳо ва симпозиумҳои байналмилалӣ шудааст.

«Музокироти сулҳовари Эмомалӣ Раҳмон бояд намунаи ибрат бошанд», — эътироф намудааст Конфронси байналмилалӣ, ки аз тарафи Институти бритониёӣ оид ба инъикоси ҷанг ва сулҳ дар мавзӯи “Оё низои маҳаллӣ ба ҷанги минтақавӣ мубаддал намешавад?” роҳандозӣ шуда буд.

«Музокироти сулҳи тоҷикон сазовори омӯзишу таҳқиқ аст.» — ба чунин андеша расиданд иштирокчиёни конфронси «Ислом ва ҷомеъаи Осиёи Марказӣ», ки онро созмони «Симера»-и Швейтсария доир карда буд.

«Истифодаи таҷрибаи Тоҷикистон дар Афғонистон ба мақсад мувофиқ аст», — таъкид намуданд иштирокчиёни конфронси Донишгоҳи сулҳи СММ.

Дар тӯли 29 соли Истиқлолият таҳти роҳбарии Пешвои миллат дар Тоҷикистон ислоҳоти бунёдии ҳуқуқӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ татбиқ шуданд ва воқеан пойдевори Тоҷикистони навинро, ки узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ шудааст, гузоштанд.

Тафаккури стратегӣ, қобилияти пешбинии раванди ҳаводис, сиёсати дурандешона ва озмудашудаи Сарвари давлат, ки рушди босуботи Тоҷикистонро таъмин намудаанд, Эмомалӣ Раҳмонро ба сафи сиёсатмадорони оқил ва боистеъдоди ҷаҳон ворид намуданд.

Муҳимтарин хидмати Пешвои миллати тоҷик, ки ҳатто мухолифони сиёсии ӯ онро эътироф мекунанд, хатми ҷанги шаҳрвандӣ ва истиқрори сулҳи пойдор дар Тоҷикистон мебошад.

Яке аз қарорҳои муҳимтарини Ҷаноби Олӣ дар соҳаи сиёсати хориҷӣ ин воридшавии Тоҷикистон ба Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) дар соли 1992 ва Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар соли 1996 мебошанд.

Пешвои миллат нахустин сиёсатмадор ва асосгузори муҳокимаи масоили вобаста ба об дар сатҳи байналмилалӣ мебошанд.

Сарвари давлат бо унвони «Пешвои асри XXI», ки аз тарафи Шӯрои аврупоӣ оид ба равобити байналмилалӣ таъсис ёфтааст, сарфароз гардонида шудаанд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доктори ифтихории Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Россия ва Донишгоҳи технологияҳои эҷодии Лимкоквинг (Малайзия), профессори ифтихории Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов, Донишгоҳи кӯҳии Урал, Донишгоҳи Шинҷон (ҶМЧ), Донишкадаи давлатии иқтисод ва менеҷменти Туркманистон, узви ифтихорӣ ва профессори ифтихории фалсафаи Академияи умумиҷаҳонии илмҳои тиб мебошанд.

Президенти Тоҷикистон бо нишони «Александр Невский»-и Россия, орденҳои Қазоқистон «Парасат», Ӯзбекистон — «Эл юрт хурмати», ордени «Ҳилоли Аҳмар ва Ситора» -и Кумитаи байналмилалии мубориза бо терроризм, медали тиллоии Федератсияи байналмилалии сулҳ ва ризоият, медали Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ «Барои мубориза бо тамокукашӣ», медали тиллои ЮНЕСКО ба номи Ҷ. Румӣ (Балхӣ), медалҳои тиллоии Федератсияи байналмилалии самбо, Кумитаи олимпии Чин, Ассотсиатсияи халқҳои Россия ва дигар мукофотҳои байналмилалӣ тақдир карда шудаанд.

Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2019 маротибаи панҷум паиҳам ба Рӯйхати бонуфузтарин мусалмонони ҷаҳон (The Muslim 500) ворид гардиданд. Президенти Тоҷикистон муаллифи зиёда аз 20 китоб дар бораи таърих ва забону фарҳанг ва илму адаби миллати тоҷик мебошанд.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи Тоҷикистон ҳамон нақши миқёсан бузургро иҷро намудаанд, ки ислоҳотгарони машҳури олам, аз ҷумла Отатурк дар Туркия, Шарл де Голл — дар Фаронса, Маҳатхир Муҳаммад — дар Малайзия, Ли Куан Ю — дар Сингапур, Дэн Сяопин — дар Чин ва ё Франклин Рузвелт дар ИМА бозидаанд.

Зимнан чанд сол қабл ман дар ин бора зери унвони «Эмомалӣ Раҳмон ва Франклин Рузвелт: умумиятҳои зиёд» («Эмомали Рахмон и Франклин Рузвельт: много общего») очерк навишта будам, ки 25 феврали соли 2015 дар рӯзномаи «Народная газета» нашр ва дар сомонаи АМИТ «Ховар» ҷой шуда буд. Очерк бо суханони зерин хотима меёбад:

«Зиёда аз 80 сол боз амрикоиҳо хотираи Франклин Рузвелтро ҳамчун пешвои миллат ёдоварӣ мекунанд ва муқаддас медоранд. Аксари он чизҳое, ки амрикоиҳо имрӯз бо он ифтихор мекунанд, аз баракати ӯ мебошанд.

Амрикоиҳо аллакай дар солҳои нахустини ҳукмронии Рузвелт ба неруи ҳаётбахшу коҳишнаёбанда, хирад ва дурандешии ӯ эътимод намуданд. Бинобар ин, ӯ ягона президенти амрикоӣ дар таърих буд, ки чаҳор маротиба пай дар пай сарвари давлати ИМА интихоб шуда буд. Ин, алалхусус, аз он ҷиҳат қобили таваҷҷӯҳ аст, ки дар солҳои ҳукуматдории Эмомалӣ Раҳмон ва Франклин Рузвелт Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳида озмоишҳои сахттаринро паси сар карданд. Агар амрикоиҳо бо Депрессияи бузург (Great Depression), бӯҳрони бонкӣ, бекории оммавӣ ва Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ мувоҷеҳ шуда бошанд, пас қисмат моро бо оқибатҳои ниҳоят сангини фурӯпошии ИҶШС, ҷанги шаҳрвандӣ, бӯҳрони иқтисодӣ ва афзоиши бекорӣ рӯ ба рӯ намуд.

Халқҳои Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳида аз Офаридгор сипосгузоранд, ки дар чунин давраҳои душвору сангин ба онҳо пешвоёнеро мисли Э. Раҳмон ва Ф. Рузвелт ато намуд, пешвоёне, ки ҳаёт ва фаъолияташон намунаи барҷастаи ҷасорату матонат, ватандӯстӣ ва инсонпарварӣ, хидмати содиқона ба халқу Ватани худ мебошад».

*** Хонандагони гиромӣ! Асоси бахши нави моро таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон, ваҳдати миллии мардуми он, рушди босуботи иқтисодиёт ва беҳбуди вазъи иҷтимоии аҳолии кишварамон ташкил медиҳад.

Бахши нави мо минбаъд пайваста бо омори муҳим, далелҳои ҷолиб ва суханони мухтасари сарварони давлатҳо, сиёсатмадорони муосир, шахсиятҳои машҳури ҷаҳон дар бораи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мукаммал карда хоҳад шуд.

Боиси хушҳолии мо хоҳад буд, агар шумо дар ин кор саҳим бошед ва дар гирдоварии чунин мавод ба мо кумак намоед. Қаблан аз шумо сипосгузорем! Имрӯз мо дар бахши нав андешаҳои ашхоси саршиноси ҷаҳон ва ходимони намоёни давлатӣ ва илму фарҳангро дар бораи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумо пешниҳод менамоем.

Бо эҳтиром ба ҳамаи шумо —

Саидалӣ СИДДИҚ, директори АМИТ «Ховар»

 

Варзиш-Артиш-Умумӣ

uuu(20)
Варзиш-Артиш-Умумӣ
Тамошои акс
uuu(19)
Варзиш-Артиш-Умумӣ
Тамошои акс
uuu(18)
Варзиш-Артиш-Умумӣ
Тамошои акс
uuu(17)
Варзиш-Артиш-Умумӣ
Тамошои акс
uuu(16)
Варзиш-Артиш-Умумӣ
Тамошои акс
uuu(15)
Варзиш-Артиш-Умумӣ
Тамошои акс
uuu(14)
Варзиш-Артиш-Умумӣ
Тамошои акс
uuu(13)
Варзиш-Артиш-Умумӣ
Тамошои акс
uuu(12)
Варзиш-Артиш-Умумӣ
Тамошои акс
uuu(11)
Варзиш-Артиш-Умумӣ
Тамошои акс
uuu(10)
Варзиш-Артиш-Умумӣ
Тамошои акс
uuu(9)
Варзиш-Артиш-Умумӣ
Тамошои акс
uuu(8)
Варзиш-Артиш-Умумӣ
Тамошои акс
uuu(7)
Варзиш-Артиш-Умумӣ
Тамошои акс
uuu(6)
Варзиш-Артиш-Умумӣ
Тамошои акс
uuu(5)
Варзиш-Артиш-Умумӣ
Тамошои акс
uuu(4)
Варзиш-Артиш-Умумӣ
Тамошои акс
uuu(3)
Варзиш-Артиш-Умумӣ
Тамошои акс
uuu(2)
Варзиш-Артиш-Умумӣ
Тамошои акс
uuu(1)
Варзиш-Артиш-Умумӣ
Тамошои акс

Маориф

Иншоот

Тандурустӣ

т(17)
Тандурустӣ
Тамошои акс
т(16)
Тандурустӣ
Тамошои акс
т(15)
Тандурустӣ
Тамошои акс
т(14)
Тандурустӣ
Тамошои акс
т(13)
Тандурустӣ
Тамошои акс
т(12)
Тандурустӣ
Тамошои акс
т(11)
Тандурустӣ
Тамошои акс
т(10)
Тандурустӣ
Тамошои акс
т(9)
Тандурустӣ
Тамошои акс
т(8)
Тандурустӣ
Тамошои акс
т(7)
Тандурустӣ
Тамошои акс
т(6)
Тандурустӣ
Тамошои акс
т(5)
Тандурустӣ
Тамошои акс
т(4)
Тандурустӣ
Тамошои акс
т(3)
Тандурустӣ
Тамошои акс
т(2)
Тандурустӣ
Тамошои акс
т(1)
Тандурустӣ
Тамошои акс

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: