Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ноҳияи Айнӣ сохтмони Нишон ва Парчами давлатӣ ҷараён дошта, дар назар аст то ҷашни байналмиллалии Наврӯз ба истифода дода шаванд.
Майдони Нишон ва Парчам дар хиёбони Рӯдакӣ- маркази ноҳия бунёд гардида, атрофи он бо тарҳи хосса ороиш ёфта, барои истироҳату фароғати сокинон шароити зарурӣ фароҳам оварда мешавад.
Лоиҳаи сохтмони Нишон ва Парчами давлатиро Корхонаи воҳиди давлатии Лоиҳакаш дар вилояти Суғд тарҳрезӣ намуда, он аз ҷониби ширкати «Зарафшон сохтмон» бунёд карда мешавад.
Ҳоло корҳои сохтмонӣ бо суръат ҷараён дошта, сохтмончиён сутунпояи Нишонро, ки 22 метр баландӣ дорад, бунёд намуданд.
Раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода аз ҷараёни сохтмони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуда, ба бинокорон супориш дод, ки нисбат ба бунёди муқаддасоти миллӣ муносибати ҷиддӣ намуда, аз масолеҳи хушсифат истифода баранд.
Гуфта мешавад, ки Парчами давлатӣ бо баландии 47 метр бунёд мегардад.
АМИТ «Ховар»