Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон дар ҳамкорӣ бо Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ/ЭКО) шумораи махсуси маҷаллаи «ECO Chronicle» (Ахбори ЭКО)-ро ба муносибати 30-солагии Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони англисӣ ба нашр расонд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТ
«Таърихи муносибатҳои байналмилалӣ». Таҳти ин унвон китоби устодони Академияи идоракунӣ ба нашр расид
Ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон устодони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайнак Сайнаков, Амид Комилбеков, Насриддин Воҳидов китоби дарсии «Таърихи муносибатҳои байналхалқӣ»-ро бо забони давлатӣ таҳия ва ба нашр расониданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Академияи идоракунии давлатӣ хабар доданд.
Сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд оғоз гардид
2 феврали соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар иди Садаи ниёгон, таъсиси боғҳои нав, мулоқоту суҳбат бо сокинони вилоят, ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашнӣ ба ифтихори иди бузурги миллӣ – 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд.
Page 1 of 15