ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҲАДАФИ ЧОРУМИ МИЛЛӢ

(Бознашр аз рӯзномаи «Садои мардум», №24 (3974), шанбе, 2.03.2019 ) 

Мо ва тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон 26-уми декабри соли 2018 тавассути воситаҳои ахбори умум Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шунидаю тамошо намуда, аз дастоварду пешравиҳои ҷумҳурии азизамон руҳу иқболи тоза гирифтем ва бо ҳисси ифтихору сарбаландӣ бо дурнамои рушди кишварамон шинос шудем.

Чун ҳамеша таҳлили саҳеҳу ҳамаҷонибаи вазъи соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат, шароити мураккаби сиёсию иқтисодии минтақа ва ҷаҳон, дарки амиқи самтҳои имконпазири рушди устувори ҷумҳуриамон боз як мисоли такмилу инкишофи сиёсати созандаю сафарбаркунанда ва талошҳои арзандаи Пешвои муаззами миллатамон дар самти беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум ва боло бардоштани мақоми байналмилалии ҷумҳуриамон мебошад.

Ҷаноби Олӣ дар Паёмашон хеле бамаврид қайд намуданд, ки «Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” – иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ба шарофати он орзуи чандинсолаи мардуми шарифу заҳматқарини тоҷик амалӣ гардид, ибтидои гардиши куллӣ дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва як қадами устувору бузурги кишвари мо дар самти расидан ба ҳадафи якуми стратегии миллӣ – истиқлолияти энергетикӣ ба ҳисоб меравад».

Агар ба таърихи рушди кишварҳои гуногуни олам назар андозем, мебинем, ки масъалаи таъмини соҳаҳои иқтисодиёт бо энергия яке аз масъалаҳои асосӣ ба ҳисоб меравад. Коршиносе таъкид намудааст, ки агар иқтисодиётро ба қатора шабеҳ диҳем, локомотиви он (ҳаракатдиҳандаи он) энергетика мебошад. Лекин барои он ки ин локомотив иқтисодиётро пеш бурда тавонад, бояд дорои чарху бозуи пурқувват бошад. Чунин дасту бозуи пурқуввати иқтисодиро танҳо саноат ва махсусан саноати вазнин сохта метавонад.

Мушоҳидаи рушди кишварҳои гуногуни олам нишон медиҳад, ки аксари давлатҳои мутараққӣ дар ҷаҳони муосир ба рушди саноат ва саноатикунонии мамлакаташон, барои аз кишвари аграрӣ-индустриалӣ ба кишвари индустриалӣ-аграрӣ табдил додани кишвар диққати бештар додаанд.

Масалан, В.И. Ленин рушди энергетика (ГОЭЛРО), саноатикунонии мамлакат (панҷсолаи 1), аз мамлакати аграрӣ-индустриалӣ ба мамлакати индустралӣ-аграрӣ табдил додани ИҶШС-ро гарави асосии устуворӣ ва инкишофи он медонист. Аз таърихи дигар давлатҳо (масалан, Япония) низ мисолҳо овардан мумкин аст.

Системаи саноатикунонии ҳар як кишвар бояд тартиби мантиқӣ дошта бошад. Афзудани маҳсулоти кишоварзӣ ва ба он мувофиқ кардани системаи фаъоли корхонаҳои саноатӣ баҳри коркарди пурра дар дохили кишвар қадамҳои устувор баҳри тақвият додани саноат аст. Дар тамоми давраи ҳастии ИҶШС зина ба зина ба кишвари саноатии бузург табдил ёфтан риоя гардидааст. Дар ИМА низ саноатикунонии кишвар дар ибтидои асри ХХ мушоҳида мешавад. Олмони нимаи якуми асри гузашта пас аз ҷанги якуми ҷаҳонӣ ба кишвари саноаташ азкормондаву иқтисодиёташ фалаҷ табдил ёфт, вале пас аз солҳои сиюм яку якбора тамоми инфрасохтори иқтисодӣ ба кор даромада, яке аз давлатҳои пурқуввати минтақа ва ҷаҳон ҳисобида шуд. Албатта ин гуна таҷрибаҳо дар мисоли Ҷопон, Фаронса, Чин, Корея, Туркия, Эрон ва дигарҳо ниҳоят зиёд дида мешаванд, ки пас аз ҷанги дуюми ҷаҳон бо роҳҳои гуногун рушди саноати худро таъмин карда тавонистанд. Ҳар яке саноатикунонии ба кишвару миллати худ хосро интихоб намуд. Масалан, Ҷопон бо равонакунии маблағҳои асосӣ барои омодакунии мутахассисони зарурӣ, Чин бо ташкили корхонаҳои хурди хусусӣ ва ғайраҳо ба саноатикунонӣ қадам гузоштанд.

Таҷрибаҳои Ҷопон бештар ҷолиби диққатанд. Чун зикр намудем, равона гардидани 50%-и тамоми даромадҳои Ҷопон ба соҳаи маориф аз ҳисоби манъи тақвият бахшидани неруҳои ҳарбӣ пас аз шикаст дар ҷанги дуюми ҷаҳонӣ сабаб шуд. Ҳар мутахассиси ҷопоние, ки берун аз давлат фаъолият менамуд, донишҳои техникию технологиро сари вақт ба ватани худ мерасонид. Ҳар гоҳе ки ин мутахассисон ба кишвари худ ташриф меоварданд, курси кӯтоҳмуддати такмили ихтисос ташкил шуда, аз ҳар 18 вилоят намояндаҳо иштирок мекарданд. Дар навбати худ намояндаи вилоятҳо дар минтақаи худ ба фиристодагони ноҳияҳо ва онҳо ба мутахассисони корхонаҳои ноҳиявӣ навгониҳоро мерасониданд. Ҳамин тариқ, навигариҳои илму техника дар сатҳи пешрафти ҷаҳонӣ дар муддатҳои кӯтоҳтарин дар корхонаҳои Ҷопон татбиқ мешуданд.

Инчунин барои ҳар як ҷопонӣ имкон дода шуд, ки ҳар маҳорати созандаи пешбарандаи истеҳсолот – аз кӯчактарин асбоби истеҳсолшаванда то бузургтаринаш аз ҷониби корхонаҳои хурд ва шахсони алоҳида истеҳсол мегардид. Дар ояндаҳои наздиктарин ин корхонаҳои хурд дар рақобати шадиди истеҳсолӣ қарор гирифта, бо муттаҳидшавӣ, харидорӣ аз ҷониби рақибон ва дигар роҳҳо ба корхонаҳои миёна табдил ёфтанд. Ин раванд такрор шуда, корхонаҳои дар рақобат мағлубшуда ба таркиби корхонаҳои саноатию истеҳсолии бузург ворид гардиданд, ки имрӯз саноати Ҷопон дар сафи пеши корхонаҳои саноатии олам қарор дорад. Албатта ба ин иродаи мустаҳками ба ҷопониҳо хос, ки тамоми мушкилот ва азобҳоро паси сар мекунанд, низ нақш бозидааст.

Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон раванди саноатикунонӣ аз даврони Шӯравӣ оғоз меёбад. Аммо қайд кардан ҷоиз аст, ки Тоҷикистон чун баъзе аз ҷумҳуриҳои Шӯравӣ барои давлати ягонаи Шӯравӣ манбаи ашёи хом ба ҳисоб мерафт. Дар он давра имкониятҳои зиёде мавҷуд буданд, ки тамоми маҳсулоти дар Тоҷикистон истеҳсолшавандаи аграрӣ бо ташкил кардани корхонаҳои зиёди саноатӣ дар дохили ҷумҳуриамон коркард ва ба маҳсулоти тайёри саноатӣ табдил дода шаванд. Аммо мутаассифона ин тавр набуд. То Истиқлолияти давлатӣ корхонаҳои саноатии Заводи алюминий, Заводи сементбарорӣ, Комбинати шоҳибофӣ ва ғайраҳо мавҷуд буданд, ки мебоист шумораи онҳо боз ҳам бештар мебуданд. Ҳамаи инро ба ҳисоб гирифта, Сарвари давлат барои пешрафту тараққиёти саноати ватанамон супориш доданд, ки ҳаддалимкон баровардани ашёи хом, махсусан пахта ва пӯст аз ҷумҳурӣ манъ карда шавад.

Пас аз ҷанги шаҳрвандию ҳодисаҳои нанговари солҳои аввали истиқлолият системаи иқтисодиёти Тоҷикистон ва соҳаи саноат аз фаъолият бозмонд. Аммо тадриҷан ва бо талошу заҳматҳои Роҳбари хирадманди кишвар Тоҷикистон ба ҳаёти осоишта баргашта, иқтисодиёт ба маҷрои рушд равона гардид. Ҳоло мо раванди саноатикунонии кишварро бо қадамҳои мантиқии рушди иқтисодӣ ва зина ба зина омодашавӣ ба тақвият додани соҳаи саноат мушоҳида карда метавонем.

Дар партави тамоюли рушди ҷаҳони муосир, дар шароити глобалишавии тамоми ҷабҳаҳои фаъолияти ҷомеа, дар вазъияти талоши кишварҳои пешрафта барои ривоҷи бозори молу маҳсулот, бе назардошти манфиати кишварҳои истеъмолкунанда кӯшишҳои пайгиронаи Ҷаноби Олӣ дар самти аз кишвари аграрию индустриалӣ ба кишвари индустиалию аграрӣ (ҳадафи чоруми стратегӣ) табдил додани ҷумҳуриамон иқдоми олии мантиқӣ ва ҷасурона мебошад. Барои ба кишвари индустиалӣ табдил ёфтан пеш аз ҳама мавҷудияти ду омили асосӣ – манбаи энергия ва фаъолияти бемамониати инфрасохтори нақлиётӣ зарур аст. Хушбахтона аз се ду ҳадафи стратегие, ки дар назди Ҳукумати ҷумҳурӣ меистод, ин омилҳоро таъмин карда, заминаи мустаҳкам барои ҳадафи чорум ба ҳисоб меравад. Дар эълон гардидани ҳадафи чорум мо сиёсати дурбинонаи мантиқии Пешвои миллатро баҳри ба яке аз давлатҳои пешбурда мубаддал кардани Тоҷикистон баръало ҳис мекунем.

Аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳонидани кишвар ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, инчунин истиқлолияти комили энергетикӣ такони ҷиддӣ дар самти саноатикунонии кишвар аст.

Ифодаи ин иқдоми бузург дар Паёми имсолаи Пешвои муаззами миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаҷониба саҳеҳу асоснок ифода карда шудааст: “Мо таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши нерӯи барқ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардан ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолии мамлакат ба ғизои хушсифат, инчунин, вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсулро ҳамчун ҳадафҳои стратегии худ интихоб намуда, нақшаи гузариши иқтисодиёти кишварро аз шакли аграрӣ-индустриалӣ ба индустриалӣ-аграрӣ амалӣ гардонида истодаем… Дар робита ба ин ва бо назардошти аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ пешниҳод менамоям, ки саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон карда шавад”.

Ҳоло дар ҷумҳурӣ 1999 корхонаи саноатӣ амал мекунад, ки умуман аз саноати истихроҷ, саноати коркард ва истеҳсоли нерӯи барқ, газ ва об иборат аст.

Мувофиқи нишондоди маълумот дар соли 2017 дар ҷумҳурӣ 837,2 ҳаз. га замини кишт мавҷуд аст ва ҷамъоварии умумии ҳосили зироат ба 1447,6 ҳаз. тонна ғалла, 386,5 ҳаз. тонна пахтаи хом, 782,9 ҳаз. тонна картошка, 1859,1 ҳаз. тонна сабзавот, 631,4 ҳаз. тонна полезии озуқаворӣ; 405 ҳаз. тонна мева ва буттамева, инчунин чорводорию паррандапарварӣ, истеҳсоли пашму тухм ва ғайраҳо амалӣ мегарданд[1]. Содироти маҳсулот аз Тоҷикистон дар шаклҳои ашёи хом, ашёи тайёр ва нимтайёр сурат мегирад, ки барои аз маҳсулоти ватанӣ омодакунии маҳсулоти тайёр корхонаҳои истеҳсолиро тақвият бахшидан лозим аст.

Айни замон (аз рӯйи маълумоти соли 2017) дар ҷумҳурӣ 18144 миллион киловатт-соат нерӯи барқ истеҳсол мешавад. Агар истифодаи нерӯи барқи аз хориҷа воридшавандаро ба ҳисоб гирем, сол ба сол камтар мешавад, яъне ин нишондиҳанда дар соли 1991 баробари 6941 млн. киловатт-соат бошад, соли 2017 ба 110 млн. киловатт-соат баробар шудааст. Нерӯи барқи содиротии кишвар агар дар соли 2010 баробари 286 млн. киловатт-соат бошад, соли 2017-ум 1421 млн. киловатт-соатро ташкил медиҳад. Дар соҳаи саноат ва сохтмон 4017 млн. киловатт-соат нерӯи барқ истифода мешавад. Ин нишондиҳанда назар ба соҳаи кишоварзӣ (4916 млн. киловатт. соат) ва дигар соҳаҳо (4986 млн. киловатт-соат) камтар аст[2]. Зеро то ба ин давра нерӯи барқи истеҳсолшаванда на он қадар кифоя буд ва маълум аст, ки баъди ба фаъолият оғоз намудани агрегати якуми НОБ-и Роғун ва зина ба зина ба кор даровардани дигар агрегатҳо талаботи энергетикии кишвар пурра қонеъ гардида, ба хориҷа боз ҳам бештар содир мешавад. Дар заминаи он ки НОБ-и Роғун дар ояндаи наздик бо нерӯи барқи истеҳсолкунандааш назир нахоҳад дошт, имкониятҳои саноатикунонии кишварро зиёд мекунад ва иқдоми эълони саноатикунонии кишвар ҳам такя бар ҳамин дорад.

Дар баробари ҳамаи ин якчанд роҳҳо ва пешниҳодотро барои расидан ба ҳадафи чоруми стратегияи миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар ва гузаштан аз шакли аграрию индустриалӣ ба индустриалию аграрӣ пешниҳод намудан мумкин аст.

Пеш аз ҳама саноатикунонии кишвар мутахассисони донишманду соҳибкасби муҳандисию техникиро талаб мекунад. Барои ин бояд базаи моддию техникии донишгоҳҳои омодакунандаи кадрҳои техникӣ (асосан ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ ва қисман Донишгоҳи технологии Тоҷикистон) мустаҳкам карда шавад ва кадрҳои ҳақиқатан ҷавобгӯйи талаботи саноатикунонӣ омода карда шаванд. Инчунин бо ин мақсад кадрҳои илмӣ-педагогии техникӣ дар хориҷи кишвар (ба таври муваққатӣ) низ тайёр карда шаванд.

Ҷалби бештари маблағҳо ва сармоягузории ватанию хориҷӣ барои омодакунии кадрҳои илмию педагогии техникӣ, тайёркунии муҳандисон ва таъсиси корхонаҳои хурд ва миёнаи саноатӣ низ ба рушди саноатикунонӣ таъсири мусбат мерасонад.

Ташкили таҷрибаомӯзӣ ва бозомӯзии кадрҳои тайёри дар корхонаҳои саноатӣ фаъолияткунанда дар корхонаву муассисаҳои саноатии хориҷ баҳри дар оянда ба роҳ мондани таҷрибаҳои бой ва пешқадам дар саноати кишвар раванди кунунии саноати кишварро тақвият мебахшад.

Бо ташкил кардани коргоҳҳои хурди саноатӣ ба роҳ мондани коркарди ниҳоии маҳсулоти кишоварзӣ, боғдорӣ ва чорвопарварӣ дар дохили ҷумҳурӣ татбиқи амалии таъмини озуқавории аҳолӣ ва ба хориҷа содир намудани маҳсулоти тайёри хӯрокаро ба роҳ мондан зарур аст.

Озод кардан аз андозу боҷи гумрукӣ (муддати муайян) ва додани имтиёзҳо ба корхонаҳои саноатии хурду миёна ва ҷустани роҳҳои таҳкимбахшандаи фаъолияти саноатӣ мувофиқи меъёрҳои ҳуқуқӣ барои созмон додани корхонаҳои бузурги саноатӣ имкон фароҳам меорад. Инчунин қайд намудан бамаврид аст, ки соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ дар раванди расидан ба ҳадафи саноатикунонии кишвар саҳмгузор бояд бошанд. Ҳар соҳа мувофиқи нерӯи ақлонӣ, ҷисмонӣ ва имкониятҳои молиявию истеҳсолии худ дар ин роҳ қадами устувор гузорад: соҳаи маориф бо омодакунии кадрҳои баландихтисос (оғоз аз боғчаву мактабҳои таҳсилоти умумӣ то ба коллеҷу донишгоҳҳо), соҳаи сохтмон бо сохтани инфрасохтори ҷойгиршавандаи корхонаҳои саноатӣ, соҳаи роҳу нақлиёт бо таъмини корхонаҳои саноатӣ бо маводи зарурӣ – ашёи хому тайёр ва нимтайёр ва монанди инҳо.

Дар ин қатор назорати қатъии истифодаи имконияту иқтидорҳо дар раванди саноатикунонӣ зарур аст. Зеро мувофиқи мақсад ба роҳ мондани сарфи маблағҳои ҷудошуда роҳи моро ба ҳадафи стратегӣ кӯтоҳ мекунад.

Дар ниҳоят, чӣ тавре ки дар баромадҳояшон Пешвои муаззами миллат доимо қайд мекунанд, бо дилу нияти ояндабинонаи нек, нангу ори миллии ба тоҷикон хос ва нерӯи созанда бояд мо баҳри амалисозии ин ҳадаф кӯшиш намоем. Зеро ҳеҷ бегона хонаи моро обод ва моро хурсанд карда наметавонад. Ҳар як мамлакат барои пешрафти худ ва манфиатҳои миллии худ сиёсаташро пеш мебарад. Моро танҳо зарур аст, ки дар атрофи роҳбари худододамон муттаҳид шавем, Тоҷикистони саноатиро бисозем. Давлатҳое, ки рӯй ба саноат овардаанд ва пояи саноати миллиашонро мустаҳкам доштаанд, зиндагии боз ҳам осудаҳолона доранд.

Бегумон амалӣ намудани ин ҳадафҳои стратегӣ ва иқдому дастурҳои Пешвои миллат вазифаи ҷонию имонии тамоми вазорату идораҳо, муассиссаю ташкилот ва мардуми шарафманди Тоҷикистон мебошад.

 

Одиназода Ҳ.О. – Ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, аъзо-корреспонденти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои техникӣ, профессор. 

Абдуллоев М.А. – Муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ, номзади илмҳои техникӣ, дотсент. 

Юнусов Ф.М. – муаллими калони кафедраи “Ташкили интиқол ва идора дар нақлиёт”.

[1] Маҷмӯаи омори солонаи Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2018, 484 саҳ.

[2]Маҷмӯаи омори солонаи Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2018, 484 саҳ.

There are no articles in this category. If subcategories display on this page, they may contain articles.

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: