Парвона ҳар гоҳ, ки падар ва бародаронашро, ки бо пайроҳаи падар қадам гузоштаанд, бо либоси низомӣ медид, орзу мекард, то рӯзе ӯ ҳам метавониста бошад, ба мисли онҳо либосҳои шинами низомӣ ба бар доша бошад. Аммо, яқин медонист, ки барои ба бар намудани либоси низомӣ ӯро мебояд пайроҳаҳои пасту баланди зин- дагиро паси сар намояд, дониш андӯзад, аз таҷрибаи устодон сабақи ҳаёт биомӯзад. Зеро ҳимояи марзу буми аҷдодӣ кори саҳлу осон набуда, аз ҳар фард азхудгузаштанҳоро тақозо менамояд.
Парвози орзуҳо ин духтараки наҳиф ва боиродаро пас аз хатми Литсей - интернати президентии шаҳри Душанбе ба факултаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон раҳнамун гардид. Ӯ соли 2007 - ум пас аз хатми бомуваффақияти Донишгоҳ фаъолияти худро дар Гумруки «Майдони ҳавоӣ» - и Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе оғоз бахшид.
Дарк намуд, ки дониши андӯхтааш дар паси мизи донишҷӯӣ барои пешбурди кор дар ин бахш кифоя нест. Аз ин рӯ сайъ намуд, то нозукиҳои пешаи интихобнамудаи худро ҳарчи зудтар аз бар намояд, то сазовори номи гумрукчӣ гардад. Талошҳои пайваста ва омӯзиши амиқ ба ӯ дари муваффақиятро боз намуд ва Парвона тавонист дар як муддати кӯтоҳ бо дастгирии бевоситаи роҳбарияти Гумруки «Майдони ҳавоӣ» - и Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе ва ҳампешагонаш, ки дар ин самт солиёни дароз фаъолият доштанду ҳамчун гумрукчии муваффақ шинохта шудаанд, ба қатори фаъолон шомил гардида, барои ҳифзи манфиати иқтисодии мамлакат саҳми босазои худро гузорад.
Тавре аз гуфтаҳои роҳбарияти Гумруки «Майдони ҳавоӣ» - и Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе бармеояд, Парвонаи Шодибек дар давраи фаъолияти кории беш аз даҳсолаи худ тавонистааст, ки як зумра қонуншиканиҳоро пешгирӣ намояд ва нагузорад, ки шахсони ҷиноятпеша ба мақсади нопоки худ бирасанд. Аз ҷумла, беш аз 20 кг қочоқи маводи мухаддир аз ҷониби мавсуф пешгирӣ гардида, ҳаёти садҳо нафар аз истеъмоли «марги сафед» наҷот дода шуд. Ва барои хизматҳои шоистааш аз тарафи Роҳбарияти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ифтихорнома ва мукофотҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шудааст. Парвона зимни суҳбат ёдовар мешавад: - «Соли 2010 - ум зимни гусели мусофирони хатсайри Душанбе - Москва чашмам ба ҷавоне бархӯрд, ки дар ҳолати парешон қарор дошт. Нигоҳашро аз ҳозирин мегурезонд ва ҳарчи зудтар мехост аз назди гумрукчиён дуртар равад ва ба қавле аз тафтиш «халос» хӯрад. Аммо тираш ба ҳадаф нарасид ва зимни муоинаи гумрукӣ Паврона ошкор намуд, ки ӯ дар бағоҷи дастиаш беш аз 15 кг маводи сахттаъсири героинро ҷой намуда, мехост берун аз марз интиқол диҳад»
Ба ин гуна мисолҳо дар фаъолияти кории Парвона зиёданд. Ӯ кӯшиш кардааст, то вазифаи ба зиммадоштаи худро сидқан ба ҷой оварад ва ба самъи нафарони қонуншикан, ки борҳо мехостанд ба интиқоли ғайриқонунии маводҳои нашъаовар, тилло, нуқра ва ғайра даст мезананд, бирасонад, ки «ҳар сазоеро ҷазоест» ва «бори каҷ ба манзил нахоҳад расид».
- «Ман зодаи даврони истиқлол буда, ифтихор аз он дорам, ки дар фазои сулҳу субот ва ваҳдату ҳамдилӣ, дар қатори мардон кор ва фаъолият мекунам. Аз пешрафт ва шукуфоии диёри ҳамешабаҳорам
хушҳолам ва барои муҳайё намудани шароити хуби таҳсил ва кору фаъолият барои мо ҷавонон, бахусус занҳо ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдории худро баён менамоям.
Тавре огоҳӣ дорем, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олии кишвар соли 2017 - умро Соли Ҷавонон эълон намуданд. Ин ғамхории падаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо ҷавононро руҳбаланд намуд ва бо истифода аз ин минбари баланд мо гумрукчиёни ҷавон ваъда медиҳем, ки ба Президент ва Ватани худ содиқона хизмат менамоем», - мегӯяд Парвонаи Шодибек.
Мо аҳли эҷодии Идораи маҷалла ба нозири калон, капитани хадамоти гумруки Гумруки «Майдони ҳавоӣ» - и Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе Парвонаи Шодибек, ки дар баробари кору фаъолияти пурсамар дар мақомоти гумрук, инчунин, донишҷӯи соли чаҳоруми факултаи энергетикаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ мебошад, барору комёбӣ таманно дорем.
Умед бар он мебандем, ки ӯ натанҳо вориси арзандаи падараш, генерал - майори милитсия Раҷабзода Шодибек Абдулҳай мегардад, балки чун мутахассиси варзидаи мақомоти гумрук пайи ободии диёр саҳми босазои худро мегузорад.