ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Лейтенантдухтаре бо орзуҳои наҷиб

Ба тасвиб расидани Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа” ва барномаҳои давлатии “Самтҳои асосии давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробарии марду занон барои солҳои 2007 - 2010 ” ва “Тарбияву интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007 - 2016” ва эълон гардидани Соли 2017 ҳамчун соли ҷавонон, барои баланд бардоштани сатҳи дониш ва маърифат, ба соҳибкорӣ ва корҳои ҷамъиятӣ, инчунин вазифаҳои роҳбарикунанда бештар ҷалб гардидани занҳо мусоидат намуд.

Имрӯз дар миқёси кишварамон бахше нест, ки дар он занон фаъолона иштирок надошта бошанд. Ҳатто дар соҳаҳое, ки қаблан мардон фаъолият мекарданд, имрӯз занон роҳ ёфтаву сарбаландона кор мекунанд ва аз ҳисоби меҳнати босамари хеш зиндагиашонро пеш мебаранд. Занро ҷинси латиф мегӯянд, вале новобаста аз латофату назокати худ, бонувони баору номуси тоҷик баробар бо мардон чун дар ҳама давру замон фаъолияти босамар доранд. Модарони азизу хоҳарони меҳрубони мо ба хубӣ дарк кардаанд, ки неруи бузурге ҳастанд, зеро иродату рисолаташон аз бузургии модар сарчашма мегирад.

Мижгона Толибова аз зумраи чунин ҷавондухтарони хуштолеъ мебошад, ки бо шарофати истиқлолияти комили кишвар, тавонистааст аз илмҳои замони муосир баҳравар гардида, орзӯҳои давраи кӯдакии худро ба амал бароварда бошад.

Ӯ мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №8 - и пойтахтро бо баҳои аъло хатм намуда, барои идомаи таҳсил ба факултаи ҳисобдорӣ ва омори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон шомил гардид ва бо азми қавиву иродаи мустаҳкам кӯшиш намуд, то дурри мақсуд ба даст оварда, сазовори дипломи аъло бигардад.

Фаъолияти кориашро ба сифати хазинадор дар БДА ҶТ «Амонатбонк» оғоз бахшидаву дар ин ростокомёб ҳам гардидааст.

Соли 2015 - ум орзуҳо ӯро ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон раҳнамун гардиданд ва ӯ ҳуҷҷатҳояшро ба озмуни ишғоли вазифаҳои холӣ супориду бо ҳамовозии ҳакамони озмун ба сафи кормандони мақомоти гумрук пазируфта шуд.

Акнун ӯ ҳисобдор на, балки гумрукчӣ шуд ва корро ба сифати нозир аз дарвозаи шаҳр, Гумруки “Майдони ҳавоӣ” - и Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе оғоз бахшид. Ба қавле дигар ӯ шахси ни- зомӣ буду афсар ва бо фармони Ватан ҳар куҷое лозим ояд, паи хизмат омода.

Кор дар Гумруки “Майдони ҳавоӣ” барояш хушоянд буд ва ба як маънӣ ҷаҳони дигареро ба рӯяш боз намуд. Дар як басти корӣ, ки он аз 24 соат иборат буд, барои на фақат ӯ, балки дигар ҳаммаслаконаш лозим меомад, зимни қабулу гусели шаҳрвандон ба дохил ва хориҷ аз кишвар бо садҳо нафар ҳамсӯҳбат гардида, на танҳо худи онҳо, балки борҷомаи онҳоро бо пуррагӣ назорат намояд ва пеши роҳи қонуншиканиҳоро бигиранд.

Фаъолият дар Гумруки “Майдони ҳавоӣ” барои Мижгона имтиҳоне буд ҷиддӣ ва хушбахтона, ӯ аз иҷрои супоридани ин санҷиш бо пуррагӣ баромад.

- “Аз овони наврасӣ ба либоси кормандони бахши ҳифзи ҳуқуқ бо ҳавас менигаристам. Гузаштҳои низомӣ, танку тӯп, вертолёт ва тайёраҳои ҳарбиро дӯст медоштам ва дар баробари дидани онҳо дилам ба таппиш медаромад. Ҳамеша мехостам ба мисли дигар занҳое, ки дар мақомоти қудратӣ хизмат мекарданду либоси низомӣ дар бар доштанд, ман ҳам ин гуна либос ба бар кунам.

Хушҳол аз он ҳастам, ки давлат ва ҳукумат барои мо занону духтарон тамоми шароитро барои таълиму тадрис ва кору зиндагӣ муҳайё гардонидааст. Аз ин рӯ, мо бояд барои беҳдошти ҳаёти худ ва пайвандона- мон аз тамоми имконоти мавҷуда самаранок ва дурандешона истифода барем.

Тавре худ шоҳид ҳастем, имрӯз зан – модари тоҷик дар радифи мардон дар сохторҳои қудратӣ бо иродаи қавӣ ва сарбаландона фаъолият дошта, дар таъмини суботу амнияти кишвар, ободии сарзаминии офтобиамон хизмати арзанда менамоянд. Бахусус, феълан дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 100 нафар занону модарон софдилона хизмат менамоянд, ки ин исботи гуфтаҳост”, иброз менамояд ӯ.

Кор дар сохторҳои қудратӣ, бахусус мақомоти гумрук бароят душворӣ надорад ва оё нашудааст боре, ки аз интихоби пешаи мазкур пушаймон шуда бошӣ, мепурсам аз ӯ?

Мижгона дар ҷавоб чунин мегӯяд: - “Дар мақомоти гумрук беш аз 2 сол аст, ки фаъолият дорам. Ва боре нашудааст, ки аз пешаи интихобкардаи худ пушаймон шуда бошам. Баръакс, ҳар вақт ки либоси низомӣ ба бар менамоям, аз даргоҳи худованд шукрона мекунам, ки бароям ин бахтро насиб гардонидааст. Зеро дурахши ситораи сари китфам мисли хуршед роҳи маро мунаввар мегардонад ва ба дидаҳоям нуру ба қалбам сурур мебахшад”.

Мижгона имрӯз дар шуъбаи назорати баъди барасмиятдарории гумрукӣ ва аудити Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе фаъолият дорад ва дар баробари тафтишоти ҳуҷҷатҳои аудитории тамоми воҳидҳои зертобеи Раёсат, инчунин ҳисоботи таваккалии моҳонаро ҷамъбаст ва пешниҳоди Роҳбарият мегардонад.

 

Мавсуф кори худашро дӯст медорад ва вазифаи ба зимма доштаи худро бо масъулият иҷро менамояд.Ҳамеша паи омӯзиш аст ва мехоҳад дониши худро дар ин самт мукаммал гардонад. Ин аст, ки дар баробари кор, донишҷӯи соли чаҳоруми факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон мебошад. Вай орзу дорад, то ба рутбаи генералӣ мушарраф гардад.

 

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: