ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муаррифии ҳисоботи «Тоҷикистон: Савдои фаромарзӣ дар андозаи гендерӣ»

23 майи соли 2023 Гуруҳи Бонки Ҷаҳонӣ дар ҳамкорӣ бо Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадқиқоти гузаронидашудаи худро «Тоҷикистон: Савдои фаромарзӣ дар андозаи гендерӣ»-ро муаррифӣ намуд.

 

Дар чорабинии мазкур, Намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Озан Севимли, муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Нуриддинзода Аҳлиддин Нуриддин ва намояндаи масъули Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Томонори Хасегава бо сухани ифтитоҳӣ суханронӣ намуданд.

Ҳисобот, тавсияҳои асосӣ ва хулосаҳоро хонум Нато Куршиташвилӣ ва хонум Ҳейди Стенсланд намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ оид ба рушди гендерӣ муаррифӣ намуданд. Ҳамчунин, раиси Ассотсиатсияи занони соҳибкор хонум Сабоҳат Раҳимзода ва раиси Ассотсиатсияи миллии соҳибкорони хурду миёна ҷаноби Рустам Ниёзов вобаста ба ҳисоботи мазкур изҳори назар ва тавсияҳои худро баён намуданд.

Дар рафти тадқиқоти гузаронидашуда мусоҳибаҳо бо беш аз 400 ширкати савдои фаромарзӣ ва 31 брокери гумрукӣ гузаронида шуданд. Дар муаррифӣ ҳисобот бозёфтҳо ва тавсияҳои калидӣ вобаста ба савдои фаромарзӣ пешниҳод гардиданд. Инчунин, дар ҳисобот монеаҳои муайяне қайд шудаанд, ки соҳибкорон дар соҳаи савдои фаромарзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дучор мешаванд. Вобаста аз ин, зарур мебошад, ки дар оянда бо мақсади беҳтар қонеъ гардонидани ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор тадбирҳо таҳия карда шаванд, оқилона бошанд ва ҷанбаҳои гендериро ба назар гиранд. Дар робита ба ин, Хадамоти гумрук бо Бонки Ҷаҳонӣ дар самти татбиқи масъалаҳои гендерӣ ҳамкории фаъолона дорад.

Бо сухани ҷамъбастӣ муовини якуми Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Турсунзода Азим Ҳайдар баромад намуда, таъкид карданд, ки «Дар Тоҷикистон қаблан ягон таҳқиқоти ҳамаҷонибаи миқдорӣ вобаста ба мушкилоти умумӣ ё гендерии марбут ба тоҷирони фаромарзӣ баррасӣ нашудааст. Ҳарчанд дар кишвар таҳқиқоти зиёде анҷом дода шудааст, ки ба мушкилиҳое, ки дар маҷмӯъ соҳибкорон дучор мешаванд, равшанӣ меандозад» ва афзуд, ки “Мушкилоти тоҷирони фаромарзӣ аз доираи як созмон берун рафта, ҳамкории бахшҳои зиёдеро тақозо мекунад. Ба роҳ мондани ҳамкории зич бо Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба соддагардонии расмиёти савдо, Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва дигар мақомотҳои давлатие, ки дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ фаъолият мекунанд, дар масъалаи амалӣ намудани тавсияҳои пешниҳодшуда нақши муҳим дорад”.

Нусхаи электронии ҳисоботро бо забонҳои русӣ ва англисӣ аз сарчашмаҳои электрони зерин дастрас кардан мумкин аст:

Бо забони англисӣ: https://www.worldbank.org/en/topic/trade/publication/gender-dimensions-of-cross-border-trade-in-tajikistan 

Бо забони русӣ: https://www.vsemirnyjbank.org/ru/topic/trade/publication/gender-dimensions-of-cross-border-trade-in-tajikistan 

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: