23 майи соли 2023 Гуруҳи Бонки Ҷаҳонӣ дар ҳамкорӣ бо Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадқиқоти гузаронидашудаи худро «Тоҷикистон: Савдои фаромарзӣ дар андозаи гендерӣ»-ро муаррифӣ намуд.
Мақоми зан дар ҷомеа
10 нафар зан соҳиби рутбаи полковники Хадамоти гумрук мебошад
Дар Рӯзи Модар, ки ҳамасола дар Тоҷикистон 8 март таҷлил мегардад, хабарнигори АМИТ «Ховар» бо муовини сардори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники Хадамоти гумрук Парвина Муллоева суҳбат анҷом дод, ки онро пешкаши хонандагон менамоем.
Зодаи даврони истиқлол
Парвона ҳар гоҳ, ки падар ва бародаронашро, ки бо пайроҳаи падар қадам гузоштаанд, бо либоси низомӣ медид, орзу мекард, то рӯзе ӯ ҳам метавониста бошад, ба мисли онҳо либосҳои шинами низомӣ ба бар доша бошад. Аммо, яқин медонист, ки барои ба бар намудани либоси низомӣ ӯро мебояд пайроҳаҳои пасту баланди зин- дагиро паси сар намояд, дониш андӯзад, аз таҷрибаи устодон сабақи ҳаёт биомӯзад. Зеро ҳимояи марзу буми аҷдодӣ кори саҳлу осон набуда, аз ҳар фард азхудгузаштанҳоро тақозо менамояд.
Парвози орзуҳо ин духтараки наҳиф ва боиродаро пас аз хатми Литсей - интернати президентии шаҳри Душанбе ба факултаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон раҳнамун гардид. Ӯ соли 2007 - ум пас аз хатми бомуваффақияти Донишгоҳ фаъолияти худро дар Гумруки «Майдони ҳавоӣ» - и Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе оғоз бахшид.
Page 1 of 2