«Тоҷикистони биҳиштосои мо сарзамини мардуми соҳибмаърифату меҳмоннавоз ва кишвари меваҳои шаҳдбор буда, аз нигоҳи иқлим, боду ҳаво, манзараҳои табиат, кӯҳҳои осмонбӯс, пиряхҳои азим, обҳои шифобаш, кӯлҳо ва чашмаҳои оби мусаффо, ҳайвоноту наботот ва урфу анъанаҳои мардумӣ дар олам нотакрор ва макони беҳтарини сайру сайёҳат мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон
ДУШАНБЕ, 16. 07. 2018/АМИТ «Ховар»/.«Дар иртибот ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби роҳбарияти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ, хусусан фарҳанги муоширати кормандони мақомоти гумрук, ки дар дидбонгоҳҳои гумрукӣ фаъолият менамоянд, тадбирҳои зарурӣ андешида шудаанд», гуфт дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Сардори Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сабзаалӣ Шарифзода. Дар ин росто, ӯ афзуд, ки дар тамоми дидбонгоҳҳои гумрукӣ дар асоси фармоиши Сардори Хадамоти гумрук телефони боварӣ насб ва фаъол карда шудааст, ки он ба таҳкими робитаҳои мақомоти гумрук бо иштирокчиёни фаъолияти иқтисоди хориҷӣ мусоидат менамояд.