ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

«PATWA 2020»: Тоҷикистон кишвари устувор ва осебнопазир барои саёҳат эълон шуд

Ин ассотсиатсияи ҷаҳонӣ ҳамасола дар доираи Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «ITB-Berlin» барои кишварҳои аз лиҳози сайёҳӣ ҷолиб, асотсиатсияву ташкилотҳо ва кормандони пешқадами соҳаи сайёҳӣ ҷоизаҳои махсусро дар сатҳи байналмилалӣ таҳия намуда, бо иштироки котиби генералии Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ ба ғолибон тақдим менамояд.

«Тибқи иттилои расмии Ассотсиатсияи нависандагони саёҳат ва сафари кишварҳои ҳавзаи Уқёнуси Ором соли 2020 барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун кишвари рушдкунандаи соҳаи сайёҳӣ ҷоизаи «PATWA 2020» таҳия гардида буд ва кишвари мо ғолиби ин ҷоиза гардид. Бо назардошти вазъияти баамаломада ва паҳншавии вируси сироятии COVID-19 Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «ITB-Berlin» имсол баргузор нагардид ва ин ҷоиза ба Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон ирсол гардид», — илова намуд манбаъ.

Дар Суғд Озмуни «Тоҷикистон — минтақаи ҷолиби сайёҳӣ» эълон гардид

«Тоҷикистон — минтақаи ҷолиби сайёҳӣ» — таҳти чунин унвон бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва муаррифии бештари имкониятҳои сайёҳӣ дар байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилояти Суғд озмуни мақолаи беҳтарин гузаронида мешавад. Ғолибони озмун бо диплом ва мукофотпулиҳо дар ҳаҷми 2500 сомонӣ, 2000 сомонӣ, 1000 сомонӣ ва 500 сомонӣ сарфароз гардонида мешаванд.

БАБРИ БАРФӢ — БРЕНДИ ТОҶИКИСТОН. Он дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ «ITB Berlin-2020» муаррифӣ мегардад

Яке аз ҳайвонҳои нодири Тоҷикистон — бабри барфӣ ё озодапаланг ҳамчун бренди сайёҳии мамлакат дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ «ITB Berlin-2020», ки аз 4 то 8 март дар шаҳри Берлини Ҷумҳурии Федеративии Германия доир мешавад, муаррифӣ мегардад. 

Page 20 of 21

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: