Дар видеоконфронсе, ки бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳӣ баргузор шуд, масъалаи ташкили фонди дастгирии зиддибуҳронии сайёҳӣ баррасӣ гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар видеоконфронси мазкур раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Ширин Амонзода, намояндагони шарикони рушд ва донорҳои байналмилалӣ ширкат варзиданд.