ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Дар Панҷакент 4 меҳмонхона ва 6 маркази ҳунармандӣ сохта мешаванд

Бахшида ба ҷашни 5500-солагии Саразми бостонӣ дар шаҳри Панҷакент 4 меҳмонхона ва дар даромадгоҳи пойгоҳи бостоншиносии Саразм 6 маркази ҳунармандӣ сохта мешаванд. Роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳӣ ва масъулини марбутаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент 27 август ва 1 сентябр аз ҷараёни кори иншооти сохташавандаи сайёҳӣ бахшида ба ҷашни 5500-солагии Саразми бостонӣ дидан намуданд.

САҒИРДАШТ: Имкониятҳои сайёҳии экологӣ ва аграрии он бузурганд

Бо мақсади муаррифии зарфиятҳои сайёҳии мамлакат ва омода намудани иншооти қабулу хизматрасонӣ ба сайёҳон бо риояи ҳатмии қоидаҳои беҳдоштӣ гурӯҳи кории Кумитаи рушди сайёҳӣ ва чанде аз корбарони шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ аз Ҷамоати деҳоти Сағирдашти ноҳияи Дарвоз ва дигар мавзеъҳои сайёҳии он дидан намуданд.

Табиати биҳиштосои Сағирдашти Дарвоз ба барқароркунии саломатӣ ва сайёҳии экологӣ хеле мусоид буда, дар ин мавзеъ ба роҳ мондани сайёҳии асотирӣ ва табиати зинда, агросайёҳӣ, велотур, мототур, аспсаворӣ, човандозӣ, муолиҷавӣ ва табобатӣ, сайёҳии кӯҳию варзишӣ, лижатозии кӯҳӣ, экологӣ, барқароркунии саломатӣ ва шикор мувофиқ мебошад. Сағирдашт аз деҳаҳои Инкӯҳ, Камчак, Кулумбаи Боло, Лухч, Оҳангарон, Рубот, Садика, Сайдон, Сайёд, Сафедорон, Чухкак, Шохорон, Қалъаи Ҳусайн, Лангаро, Пастироғ, Пуштироғ, Чорсу ва Марғак иборат аст, ки ҳар кадоме ҷолибияти хос доранд. Меваҳои шаҳдбори ноҳия таваҷҷуҳи меҳмонону сайёҳонро ба худ ҷалб кардааст.

Минтақаи нави сайёҳии «Camping Village» дар ноҳияи Айнӣ ифтитоҳ гардид

Бахшида ба эълон гардидани солҳои 2019 — 2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷониби ширкати сайёҳии Скай Тур-и Тоҷикистон (Sky Tour Tajikistan) ва ширкати «Рахш Таксӣ» дар ноҳияи Айнӣ минтақаи нави сайёҳӣ таҳти унвони «Camping Village» мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, минтақаи нави сайёҳӣ дар соҳили дарёи Саратоғ, воқеъ дар кӯҳҳои баланди Фон ва мавзеи Искандаркӯли ноҳияи Айнӣ ҷойгир буда, мақсад аз он рушди экотуризм дар Тоҷикистон мебошад.

Page 16 of 22

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: