Панҷакент яке аз аввалин шаҳри Тоҷикистон аст, ки ба низоми ҷаҳонии Booking.com ворид карда шуд. Тибқи таҳлилҳои оморӣ, соли 2019 72 ҳазору 736 нафар сайёҳ аз шаҳри Панҷакент дидан намуд. Аз ин шумора 34 ҳазору 28 нафарашон шаҳрвандони хориҷӣ мебошанд, ки аз шумораи умумии сайёҳони хориҷии ташрифоварда ҳамагӣ 2,8 фоизашро ташкил медиҳад. Бо назардошти шароити мавҷуда шаҳри Панҷакент солона имкони қабули то 200 ҳазор сайёҳи хориҷиро дорад.
Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ
«Тоҷикистон — минтақаи ҷолиби сайёҳӣ»- таҳти чунин унвон дар Суғд озмуни вилоятӣ доир мегардад
Бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва эҳёи касабаҳои миллӣ дар байни ҳунармандони Суғд озмунҳои вилоятӣ оид ба истеҳсоли маҳсулоти сайёҳӣ, савғотии беҳтарин ба сайёҳон ва мақолаи беҳтарин таҳти унвони «Тоҷикистон — минтақаи ҷолиби сайёҳӣ» гузаронида мешаванд. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад.
«Сомон Эйр» имкониятҳои техникии чархболи Ми-8АМТ-ро озмуд
Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» парки худро бо чархболи нави истеҳсоли Россия- Ми-8АМТ тавсеа дод. Чархбол дар корхонаи авиатсионии Улан-Удэи холдингии «Вертолёты России» (Чархболҳои Россия) истеҳсол шудааст. Mи-8AMT бо эътимоднокӣ ва гуногунҷанбаӣ фарқ мекунад. Нахустин парвози санҷишии чархболи нави Ми-8АМТ дар Тоҷикистон аз ҷониби озмоишгарони корхонаи истеҳсолкунанда дар арафаи 96-умин солгарди авиатсияи граждании Тоҷикистон дар масири Душанбе-Бадахшон-Душанбе анҷом дода шуд. Дар ҷараёни он имкониятҳои техникии чархбол дар шароити душвори кӯҳистон, парвоз ва фуруд дар нуқтаҳои таъйинотӣ озмуда шуданд.
Page 15 of 22