ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Филмҳои мустанад оид ба мавзеъҳои сайёҳии «Чилучорчашма» ва «Кӯли кабуд» муарррифӣ гардиданд

Дирӯз дар шаҳри Душанбе зимни суҳбати «мизи гирд» бо иштироки коршиносону масъулини соҳаи сайёҳии мамлакат филмҳои мустанади «Чилучорчашма» ва «Кӯли кабуд» муаррифӣ шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳӣ.

Филмҳои мазкур бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии «Хуршед» ва МД «Ҷаҳоннамо» бо мақсади ҳифзу нигоҳдории ёдгориҳои табиӣ ва баланд бардоштани ҳувияти фарҳангӣ таҳия гардидаанд.

«Чилдухтарон» рамзи сайёҳӣ дар минтақаи Кӯлоб

«Чилдухтарон» рамзи сайёҳӣ дар минтақаи Кӯлоб» таҳти чунин унвон дар ноҳияи Муъминобод ҳамоиши миллии сайёҳӣ бо иштироки роҳбарони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, кормандони соҳаи хизматрасонии сайёҳӣ, фаъолони ҷомеа, р оҳбарони ширкатҳои сайёҳӣ ва коришносон доир гардид. Ҳадафи он таъмини рушди устувори соҳаи сайёҳӣ дар минтақаҳо ва муаррифии рамзи сайёҳӣ дар иртибот ба эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мебошад. Дар ин бораиба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи руши сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Соли 2020 зиёда аз 355 ҳазор нафар хориҷиён аз Тоҷикистон боздид намуданд

Аз моҳи январ то сентябри соли 2020 зиёда аз 355 ҳазор хориҷиён аз Тоҷикистон боздид намуданд. Ин нишондиҳанда — 590,9 ҳазор нафар ё 62,4% камтар аз ҳамин давраи соли гузашта мебошад. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин хусус Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ додааст.

Page 14 of 22

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: