ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Иқтидорҳои табиӣ ва экологии Бадахшон омили рушди туризми экологиянд,- бардошт аз ҳамоиши «Помир-Боми ҷаҳон»

«Помир-Боми ҷаҳон»- таҳти чунин унвон дар доираи эълони Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон-шаҳри Хоруғ ҳамоиши илмии сайёҳӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумии Бадахшон баргузор гардид.

Дар Душанбе Форуми байналмилалии сайёҳӣ таҳти унвони “Тоҷикистон-2020” баргузор мегардад

13 ноябри соли равон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар доираи эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳӣ ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти Раёсати муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид Форуми байналмилалии сайёҳӣ таҳти унвони “Тоҷикистон-2020” баргузор мегардад.

«Чилучорчашма» ва мадрасаи «Хоҷа Машҳад» таҷдид ва ба сатҳи байналмилалӣ бароварда мешаванд

Интизор меравад, ки ояндаи наздик мадрасаи «Хоҷа Машҳад» ва мавзеи табиию таърихии «Чилучорчашма» дар доираи лоиҳаи «Рушди иқтисодиёт»-и Бонки ҷаҳонӣ пурра навсозӣ гардида, ба сатҳи байналмилалӣ бароварда шаванд. Инчунин дар атрофи ин мавзеъҳо инфрасохтори хизматрасонӣ ва ҳомстейҳо ташкил мегарданд, ки дар рушди соҳаи сайёҳӣ, ҷалби бештари сайёҳон, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолии маҳал саҳми арзанда мегузоранд.

Page 13 of 22

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: