9 декабр дар Душанбе оид ба имконияту захираҳои сайёҳии Тоҷикистон баргузории намоишгоҳ дар назар дошта шудааст. Дар ин намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии ватанӣ ва ассотсиатсияҳои хизматрасонии маҳсулоти сайёҳӣ имкониятҳои сайёҳии мамлакатро муаррифӣ менамоянд.
Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ
Беҳтарин ҳунарманди армуғонсози Хуҷанд муайян шуд
Дар «Кохи фарҳанги Суғдиён» -и шаҳри Хуҷанд Озмуни шаҳрии «Истеҳсоли маҳсулоти сайёҳӣ ва армуғони беҳтарин барои сайёҳон» баргузор гардид. Ҳайати ҳакамон натиҷаи озмунро ҷамъбаст намуда, беҳтарин ҳунармандони армуғонсозро муайян карданд. Ҷои якумро ҳунарманд Матлуба Ниёзова, мақоми дуюмро Мавҷуда Ҳакимова ва ҷои сеюмро Мақсудҷон Бобоев соҳиб гардиданд. Ғолибон бо «Диплом» ва мукофотпулии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр сарфароз гардонида шуданд.
Дар Форуми байналмилалии сайёҳии «Тоҷикистон-2020» масъалаи андешидани тадбирҳои муштарак ҷиҳати ҷалби сайёҳон дар шароити паҳншавии бемории COVID-19 баррасӣ гардид
Муаррифии зарфияти сайёҳии Тоҷикистон, лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва андешидани тадбирҳои муштарак ҷиҳати ҷалби сайёҳон дар шароити паҳншавии бемории COVID-19 имрӯз дар Форуми байналмилалии сайёҳии «Тоҷикистон-2020», ки дар Душанбе доир гардид, баррасӣ шуд.
Page 12 of 22