ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Беш аз 3000 ёдгории таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба рушди сайёҳӣ мусоидат менамоянд,-бардошт аз намоишгоҳ дар Душанбе

Дар раванди рушди сайёҳии дохилӣ ва байналмилалӣ дар Тоҷикистон беш аз 3000 ёдгории таърихию фарҳангии ба қайд гирифташуда ва 20 фоизи қаламрави мамлакатро иҳота кардани ҳудудҳои табиии махсус ҳифзшаванда ба рушди сайёҳии экологӣ мусоидат менамоянд.

Ин нуктаро Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода дар маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи имконоти сайёҳӣ ва ҳамоиш, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе доир гардид, иброз намуд.

Япония барои баланд бардоштани сатҳи касбияти мутахассисони соҳаи сайёҳии Тоҷикистон саҳм мегузорад

Ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистон ва Япония дар соҳаи сайёҳӣ дар мулоқоти Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода бо роҳбари намояндагии Агентии ҳамкории байналмилалии Япония (JICA) дар Тоҷикистон Такасака Мунео дар Душанбе баррасӣ гардид. Зикр шуд, ки Ҳукумати Япония тавассути Стипендияи рушди захираҳои инсонии Барномаи кумаки Япония (JDS) барои баланд бардоштани сатҳи касбияти мутахассисони соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон саҳм мегузорад.

Тоҷикистон ва Афғонистон ҳамкории сайёҳиро дар шароити пандемия густариш медиҳанд

Густариши ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ миёни ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Афғонистон барои ҷалби сайёҳон аз кишварҳои ҳамдигар дар меҳвари мулоқоти Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Зоҳир Ағбар дар Душанбе қарор гирифт. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиад.

Page 11 of 22

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: