Бо ибтикори Сафорати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин маҷаллаи маъруфи “World Tourism Cities”-и Федератсияи ҷаҳонии шаҳрҳои сайёҳӣ (WTCF) қисмати асосии шумораи навбатии худро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пойтахти зебои он — шаҳри Душанбе бахшидааст. Маҷалла бо мақолаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ оғоз ёфта, дар он сухан дар бораи дастовардҳои беназири пойтахт дар ҷодаи ободонӣ, рушди робитаҳои судманди ҳамкорӣ ва бародаршаҳрӣ бо шаҳрҳои дигари ҷаҳон, аз ҷумла узвияти шаҳри Душанбе дар Федератсияи ҷаҳонии шаҳрҳои сайёҳӣ (WTCF) меравад.
Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ
Дар Қароргоҳи ЮНЕСКО, Беларус ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мегарданд
Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қароргоҳи ЮНЕСКО, Ҷумҳурии Беларус, Амороти Муттаҳидаи Арабӣ, намоиши Тоҷикистон дар Осорхонаи Гимеи Париж дар ҳамкорӣ бо Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Форуми зиёиёни Тоҷикистону Узбекистон корҳои омодагиро дар сатҳи зарурӣ анҷом дода истодааст.
ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар Истаравшан Маркази хизматрасонии «Фатирҳои Гули Сурх» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт
Аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Салим Шарипов дар ҷамоати деҳоти «Қалъачаи калон»-и шаҳри Истаравшан Маркази хизматрасонии «Фатирҳои Гули Сурх» ва ошхонаи миллии «Гули Сурх» сохта мавриди истифода қарор дода шуд. Зимни ифтитоҳи иншооти мазкур аз ҷониби соҳибкорон Салим Шарипов ва Иброҳим Ҷӯраев дар ошхонаи «Гули сурх» барои 17 нафар ятимони кулл дастурхони идона ороста шуда, ба онҳо туҳфаҳо тақдим карда шуд.
Page 2 of 21