Қатъи назар аз паҳншавии бемории сироятии COVID – 19 ва пайомадҳои он, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ривоҷу равнақи сайёҳӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад. Дар робита ба ин, чанде пеш ширкати нави сайёҳии «Силкей эдвенче» иҷозатнома гирифта, ба фаъолият пардохт. Ҳамзамон, муҳлати амали иҷозатномаи ширкатҳои «Ҳабиба Турс», «Восток трэвел тур», «Айс тур» ва «Кошиф» тамдид гардид, хабар медиҳад АМИт «Ховавр» бо истинод ба рӯзномаи «Ҷумҳурият».
Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ
Беш аз 3000 ёдгории таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба рушди сайёҳӣ мусоидат менамоянд,-бардошт аз намоишгоҳ дар Душанбе
Дар раванди рушди сайёҳии дохилӣ ва байналмилалӣ дар Тоҷикистон беш аз 3000 ёдгории таърихию фарҳангии ба қайд гирифташуда ва 20 фоизи қаламрави мамлакатро иҳота кардани ҳудудҳои табиии махсус ҳифзшаванда ба рушди сайёҳии экологӣ мусоидат менамоянд.
Ин нуктаро Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода дар маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи имконоти сайёҳӣ ва ҳамоиш, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе доир гардид, иброз намуд.
Япония барои баланд бардоштани сатҳи касбияти мутахассисони соҳаи сайёҳии Тоҷикистон саҳм мегузорад
Ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистон ва Япония дар соҳаи сайёҳӣ дар мулоқоти Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода бо роҳбари намояндагии Агентии ҳамкории байналмилалии Япония (JICA) дар Тоҷикистон Такасака Мунео дар Душанбе баррасӣ гардид. Зикр шуд, ки Ҳукумати Япония тавассути Стипендияи рушди захираҳои инсонии Барномаи кумаки Япония (JDS) барои баланд бардоштани сатҳи касбияти мутахассисони соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон саҳм мегузорад.
Page 10 of 21