ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Дар Суғд озмуни вилоятии «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг» доир мегардад

Бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар вилояти Суғд озмуни вилоятии «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг» доир мегардад. Ғолибони озмун бо дипломҳои дараҷавӣ ва мукофотпулиҳо дар ҳаҷми аз 1000 то 3000 сомонӣ сарфароз гардонида мешаванд.

Озмуни мазкур дар ду давр: ноҳиявӣ ва вилоятӣ доир гардида, дар он сокинон новобаста аз сол бо маҳсулоти худ метавонанд иштирок намоянд.

Лоиҳаи Барномаи рушди сайёҳӣ барои солҳои 2021-2025 дар Душанбе муаррифӣ гардид

Лоиҳаи Барномаи рушди сайёҳӣ барои солҳои 2021-2025 дар шаҳри Душанбе муаррифӣ гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Бино ба иттилои манбаъ, лоиҳаи ин барнома дар мизи мудаввар, ки бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳӣ бо иштироки намояндагони шарикони рушд, роҳбарони ассотсиатсияҳо, ширкатҳои сайёҳӣ ва коршиносони байналмилалӣ баргузор гардид, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

10 РОҲИ МОШИНГАРДИ ЗЕБОТАРИНИ ҶАҲОН. Шоҳроҳи Помири Тоҷикистон дар ин даҳгона, пас аз дараи Вердони Франсия дар ҷои дуюм қарор дорад

Тавре қаблан хабар дода будем, шоҳроҳи Помир дар Тоҷикистон ба даҳгонаи роҳҳои зебои ҷаҳон шомил шудааст. Рейтинг дар автопортали car.ru. интишор ёфтааст.

«Бештари ронандагон дар давраи рухсатии худ тавассути автомобил ба ҷойҳои зебоманзари сайёраамон сафар намуданро афзал медонанд. Якчанд роҳҳои тамошобоб ва фаромӯшношуданӣ мавҷуданд, ки пас аз рафтан аз онҳо боз мехоҳед ба он ҷо баргардед», — зикр мекунанд муаллифони рейтинг.

Page 9 of 21

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: