ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Хатсайрҳои нави сайёҳии моҳигирӣ дар ҳамкорӣ бо корхонаву хоҷагиҳои моҳипарварӣ таъсис дода мешаванд

Интизор меравад, ки дар оянда дар Тоҷикистон хатсайрҳои нави сайёҳии моҳигирӣ дар ҳамкорӣ бо корхонаву хоҷагиҳои моҳипарварӣ таъсис дода мешаванд. Ин нукта зимни баргузории ҳамоише, ки имрӯз аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳӣ бо иштироки корхонаҳо, хоҷагиҳои моҳипарварӣ ва ширкатҳои сайёҳии ватанӣ дар Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмати пойтахт созмон дода шуд, иброз гардид. Дар ҳамоиш намояндагони Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат, зиёда аз 20 корхонаву хоҷагиҳои моҳипарварӣ ва зиёда аз 30 ширкати сайёҳии ватанӣ иштирок доштанд.

Дар Душанбе лоиҳаи Барномаи рушди сайёҳӣ барои солҳои 2021-2025 муаррифӣ шуд

Солҳои охир босамар татбиқ гаштани барномаҳои миёнамуҳлати рушди сайёҳӣ дар мамлакат ба баланд бардоштани ҷолибияти маҳсулоти сайёҳии миллӣ таъсири мусбат расонида, барои таҳкими рақобатпазирии саноати сайёҳӣ, ки метавонад ба яке аз бахшҳои даромадноки иқтисодиёти миллӣ мубаддал гардад, замина гузошта истодааст.

Сангтарошон маҳсули ҳунари худро ба маърази тамошо гузоштанд

Имрӯз дар даври ҷумҳуриявии озмуни «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг» ҳанармандону сангтарошон аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон — Суғду Хатлон, Бадахшон ва шаҳри Душанбе, ки дар давраҳои ноҳиявӣ ва вилоятӣ ғолиб баромада буданд, ҷамъ омаданд.

Page 7 of 21

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: