ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Сезин Синаноғлу: СММ барои рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон ҳамкории фарогир ба роҳ мемонад

Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ барои рушди соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон ҳамкории фарогир роҳандозӣ менамояд. Чунин гуфтааст Роҳбари Дафтари СММ дар Тоҷикистон хонум Сезин Синаноғлу 3 март зимни мулоқот бо Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода.

Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, ки дар мулоқоти мазкур дурнамои рушди ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ байни Тоҷикистон ва СММ матраҳ гардид.

Чилучорчашма ва Хоҷа Машҳад дар доираи лоиҳаи Бонки ҷаҳонӣ пурра навсозӣ мегардандЧилучорчашма ва Хоҷа Машҳад дар доираи лоиҳаи Бонки ҷаҳонӣ пурра навсозӣ мегарданд

Интизор меравад, ки ояндаи наздик мадрасаи Хоҷа Машҳад ва мавзеи табиию таърихии Чилучорчашма дар доираи лоиҳаи «Рушди иқтисодиёт»—и Бонки ҷаҳонӣ пурра навсозӣ гардида, ба сатҳи байналмилалӣ бароварда шаванд.

Дар ин бора зимни давраи омӯзишӣ, ки 3 март бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияи Шаҳритус дар заминаи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ вобаста ба муаррифии мавзеи сайёҳии Чилучорчашма ва мадрасаи Хоҷа Машҳад ҳамчун бренди сайёҳии минтақа доир гардид, гуфта шуд.

Се ширкати нави сайёҳӣ — «Рангоранг тур», «Ориён Тур» ва «Чор кӯҳ» вориди бозори сайёҳӣ гардиданд

Дар Тоҷикистон боз се ширкати нави сайёҳӣ – «Рангоранг тур», «Ориён Тур» ва «Чор кӯҳ» таъсис ёфта, муҳлати амали иҷозатномаи фаъолияти сайёҳии ширкати сайёҳии «Сари Хосор тревел» тамдид гардид. Дар ин росто, бо қарори комиссияи иҷозатномадиҳии фаъолияти сайёҳии Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба се ширкати навтаъсис иҷозатномаи фаъолияти сайёҳӣ дода шуд, ки самти фаъолияташон бештар воридотӣ мебошад.

Page 6 of 21

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: