ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар Хуҷанд нуқтаи хизматрасонии шуъбаи милитсияи сайёҳӣ ифтитоҳ гардид

Дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд нуқтаи хизматрасонии шуъбаи милитсияи сайёҳии Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

 

Нуқтаи хизматрасонӣ дар маркази шаҳри Хуҷанд, воқеъ дар назди бозори Панҷшанбе, ки аксари сайёҳон ва ҷаҳонгардон бештар ба ин мавзеъ меоянд, ба фаъолият шуруъ намуд.

Бояд гуфт, ки фаъолияти чунин нуқтаҳои хизматрасонии шуъбаи милитсияи сайёҳӣ ба ҳифзу пешгирии ҳар гуна хавфҳои зараровар барои гаштугузори озодонаи сайёҳон мусоидат менамояд.

Зимни ифтитоҳи он муовини якуми раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ, сардори шуъбаи милитсияи сайёҳии Раёсати экологӣ ва сайёҳии Вазорати корҳои дохилӣ, намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, ассотсиатсияҳои тиҷоратӣ, бонкҳо, ширкатҳои сайёҳӣ ва тарабхонаҳо аз Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Узбекистон иштирок намуданд.

 АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

/АМИТ «Ховар»/.   

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: