ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар Қароргоҳи ЮНЕСКО, Беларус ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мегарданд

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қароргоҳи ЮНЕСКО, Ҷумҳурии Беларус, Амороти Муттаҳидаи Арабӣ, намоиши Тоҷикистон дар Осорхонаи Гимеи Париж дар ҳамкорӣ бо Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Форуми зиёиёни Тоҷикистону Узбекистон корҳои омодагиро дар сатҳи зарурӣ анҷом дода истодааст.

Барномаҳои идона дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ», Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» доир шуда, дар пойтахти мамлакат роҳпаймоии идона баргузор мегардад. Инчунин дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат бахшида ба ин ҷашни миллӣ барномаҳои идона доир мешаванд. Дар бештари ноҳияҳо аллакай барномаҳои фарҳангӣ оғоз гардидаанд.

Дар доираи «Барномаи давлатии ҳифзи мероси ғайримоддии фарҳангии халқи тоҷик барои солҳои 2021-2025» Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2021» ҷараён дорад. Даври ниҳоии фестивал-озмун моҳи август дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Ҷӯраев баргузор карда мешавад.

Аз ҷониби олимони Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот дар ҳамкорӣ бо Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО маҷмӯи ҳуҷҷатҳои номинаҳои «Рубоб» (ҳамроҳ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Узбекистон), «Ҷашни Сада» (ҳамроҳ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон), «Кашидадӯзӣ» (ҳамроҳ бо ҷумҳуриҳои Узбекистон ва Қазоқистон), «Латифаҳои Насриддин Афандӣ» (ҳамроҳ бо Туркия, Озарбойҷон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон ва Узбекистон) омода гашта, ба ЮНЕСКО фиристода шуданд.

 

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: