ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар Истаравшан Маркази хизматрасонии «Фатирҳои Гули Сурх» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт

Аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Салим Шарипов дар ҷамоати деҳоти «Қалъачаи калон»-и шаҳри Истаравшан Маркази хизматрасонии «Фатирҳои Гули Сурх» ва ошхонаи миллии «Гули Сурх» сохта мавриди истифода қарор дода шуд. Зимни ифтитоҳи иншооти мазкур аз ҷониби соҳибкорон Салим Шарипов ва Иброҳим Ҷӯраев дар ошхонаи «Гули сурх» барои 17 нафар ятимони кулл дастурхони идона ороста шуда, ба онҳо туҳфаҳо тақдим карда шуд.

Зимни суҳбат бо кӯдакон раиси шаҳр Адҳам Маъмурзода зикр кард, ки ғамхорӣ дар ҳаққи ятимону бепарасторон яке аз муҳимтарин самтҳои сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб шуда, барои беҳтар кардани шароити зист, таълиму тарбия ва ба камол расонидани ин табақаи ниёзманд ҳамаи имконияту воситаҳо истифода мегарданд.

Иншооти мазкур 24 июли соли равон бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулҳафиз Ашурзода, раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Умаров мавриди истифода қарор гирифт.

Дар ин марказ пухтани нонҳои гуногун, фатирҳо, самбӯса ва мурғи танурӣ ба роҳ монда шуда, дар доираи тадбирандешии Ҳукумати мамлакат ҷиҳати ба шуғли доимӣ фаро гирифтани аҳолӣ дар иншооти навбунёд беш аз 10 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: