ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар Душанбе лоиҳаи Барномаи рушди сайёҳӣ барои солҳои 2021-2025 муаррифӣ шуд

Солҳои охир босамар татбиқ гаштани барномаҳои миёнамуҳлати рушди сайёҳӣ дар мамлакат ба баланд бардоштани ҷолибияти маҳсулоти сайёҳии миллӣ таъсири мусбат расонида, барои таҳкими рақобатпазирии саноати сайёҳӣ, ки метавонад ба яке аз бахшҳои даромадноки иқтисодиёти миллӣ мубаддал гардад, замина гузошта истодааст.

 

Ин матлаб зимни муаррифии Лоиҳаи Барномаи рушди сайёҳӣ барои солҳои 2021-2025, ки имрӯз зимни ҳамоише дар Душанбе сурат гирифт, баён гардид.

Зикр шуд, ки лоиҳаи Барномаи рушди сайёҳӣ барои солҳои 2021-2025 дар доираи муқаррароти Ҳадафҳои рушди устувор, Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 таҳия гардида, дар он самтҳои афзалиятноке, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳояшон ба Парлумони мамлакат баён гардидаанд, ба инобат гирифта шудаанд.

Лоиҳаи барномаи мазкур моҳи январи имсол бо иштироки намояндагони шарикони рушд, роҳбарони ассотсиатсияҳо, ширкатҳои сайёҳӣ ва коршиносони байналмилалӣ муҳокима гардид ва ҳадафаш ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани лоиҳаи барнома мебошад. Иштирокдорони ҳамоиш вобаста ба масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ ва мансубияти идоравӣ андешаҳои худро изҳор намуданд.

/АМИТ «Ховар»/.

 

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: