ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Сангтарошон маҳсули ҳунари худро ба маърази тамошо гузоштанд

Имрӯз дар даври ҷумҳуриявии озмуни «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг» ҳанармандону сангтарошон аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон — Суғду Хатлон, Бадахшон ва шаҳри Душанбе, ки дар давраҳои ноҳиявӣ ва вилоятӣ ғолиб баромада буданд, ҷамъ омаданд.

 

Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, ки озмуни «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг» бо мақсади иҷрои Нақшаи чорабиниҳои баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳо, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, гузаронида шуда, ҳадафаш эҳё ва тарғибу ташвиқи ҳунарҳои мардумӣ, хусусан таҳияи маҳсулоти ороишӣ аз санг, дарёфти чеҳраҳои нави ҳунарманд, ташкили ҷойҳои корӣ ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум мебошад.

Дар даври ҷамъбастии озмун сангтарошону ҳунармандони Суғду Хатлон, Бадахшон ва шаҳри Душанбе иштирок ва маҳсули ҳунари худро ба намоиш гузоштанд.

Озмун аз рӯи се номинатсия –«Корхонаи саноатӣ», «Ҳунарманди касбӣ» ва «Ҳунарманд» ҷамъбаст гардид.

Меҳмонону иштирокчиён маҳсули дастони ҳунармандонро тамошо намуда, аъзои комиссияи озмунӣ ба сифати истеҳсоли маҳсулоти ҳунари ороишӣ аз санг, ташкили намоиши ҳар як ҳунарманд, шакли муаррифии намунаҳои ҳунари ороишӣ аз санг, сатҳи тарбияи шогирдон ва таъсиси мактаби ҳунармандӣ, дараҷаи огоҳӣ аз таърихи ҳунарҳои мардумӣ, навоварӣ ва ташаббускорӣ дар такмили ҳунарҳои вобаста ба ороиш аз санг баҳо гузоштанд.

Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг» пагоҳ ҷамъбаст мегардад.

/АМИТ «Ховар»/.

 

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: