ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар Суғд озмуни вилоятии «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг» доир мегардад

Бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар вилояти Суғд озмуни вилоятии «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг» доир мегардад. Ғолибони озмун бо дипломҳои дараҷавӣ ва мукофотпулиҳо дар ҳаҷми аз 1000 то 3000 сомонӣ сарфароз гардонида мешаванд.

Озмуни мазкур дар ду давр: ноҳиявӣ ва вилоятӣ доир гардида, дар он сокинон новобаста аз сол бо маҳсулоти худ метавонанд иштирок намоянд.

 

Озмуни вилоятии «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг» бо мақсади мусоидат дар рушди ҳунари сангтарошӣ ва коркарди сангҳои қиматбаҳою ороишӣ, инчунин ташвиқу тарғиби таҷрибаи ҳунармандон гузаронида мешавад.

Ёдовар мешавем, ки дар ҳар минтақаи вилояти Суғд коркарди сангҳои қиматбаҳою ороишӣ бо тарзу усули хоси минтақаи ҷойгиршавӣ ба роҳ монда шуда, яке аз ҳадафҳои озмун муаррифии маҳсулоти ватанӣ арзёбӣ мешавад.

АМИТ «Ховар»

 

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: