ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Лоиҳаи Барномаи рушди сайёҳӣ барои солҳои 2021-2025 дар Душанбе муаррифӣ гардид

Лоиҳаи Барномаи рушди сайёҳӣ барои солҳои 2021-2025 дар шаҳри Душанбе муаррифӣ гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Бино ба иттилои манбаъ, лоиҳаи ин барнома дар мизи мудаввар, ки бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳӣ бо иштироки намояндагони шарикони рушд, роҳбарони ассотсиатсияҳо, ширкатҳои сайёҳӣ ва коршиносони байналмилалӣ баргузор гардид, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

 

Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода зикр намуд, ки лоиҳаи Барномаи рушди сайёҳӣ барои солҳои 2021-2025 дар заминаи Ҳадафҳои рушди устувор, Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Барномаи миёнамуҳлати рушд, Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва пайдо намудани афзалияти нав барои рушди соҳаи сайёҳии мамлакат, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён шудаанд, таҳия гардидааст.

Намояндагони шарикони рушд, роҳбарони ассотсиатсияҳо, ширкатҳои сайёҳӣ ва коршиносони байналмилалӣ барои ҳамкорӣ дар татбиқи ҳадафҳои барнома омодагии хешро изҳор намуданд.

АМИТ «Ховар»

 

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: