ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Япония барои баланд бардоштани сатҳи касбияти мутахассисони соҳаи сайёҳии Тоҷикистон саҳм мегузорад

Ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистон ва Япония дар соҳаи сайёҳӣ дар мулоқоти Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода бо роҳбари намояндагии Агентии ҳамкории байналмилалии Япония (JICA) дар Тоҷикистон Такасака Мунео дар Душанбе баррасӣ гардид. Зикр шуд, ки Ҳукумати Япония тавассути Стипендияи рушди захираҳои инсонии Барномаи кумаки Япония (JDS) барои баланд бардоштани сатҳи касбияти мутахассисони соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон саҳм мегузорад.

 

Аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар мулоқот мусоҳибон доир ба тавсеаи ҳамкорӣ дар бахши сайёҳӣ ибрози назар намуда, ҳавасмандии худро ҷиҳати тақвияти ҳамкории минбаъда изҳор намуданд.

АМИТ «Ховар»/.

 

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: