ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

«Тоҷикистон — минтақаи ҷолиби сайёҳӣ»- таҳти чунин унвон дар Суғд озмуни вилоятӣ доир мегардад

Бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва эҳёи касабаҳои миллӣ дар байни ҳунармандони Суғд озмунҳои вилоятӣ оид ба истеҳсоли маҳсулоти сайёҳӣ, савғотии беҳтарин ба сайёҳон ва мақолаи беҳтарин таҳти унвони «Тоҷикистон — минтақаи ҷолиби сайёҳӣ» гузаронида мешаванд. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад.

 

Ҳадаф аз баргузории озмунҳо ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба соҳаи сайёҳӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди сайёҳӣ ва намудҳои гуногуни он дар вилоят, муаррифии миллату давлати тоҷикон ба ҷаҳониён ва татбиқи босамари «Барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020» дар вилояти Суғд мебошад.

Озмун аз рӯи мақолаи беҳтарин байни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии вилоят гузаронида шуда, қабули мавод то 23 октябри соли равон дар назар аст.

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: