Дар оянда шаҳри қадимии Карон, ки дар қисмати ҷанубу шарқи Тоҷикистон, дар ноҳияи баландкӯҳи Дарвоз воқеъ аст, ба Феҳристи мероси фарҳангии ЮНЕСКО ворид карда хоҳад шуд. Дар робита ба ин моҳи октябри соли равон бо иштироки бостоншиносону муҳаққиқон дар ноҳияи Дарвоз конфронси илмӣ баргузор мегардад, ки дар он таърихи шаҳри қадимаи Карон матраҳ хоҳад гардид.
Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ
Узвияти Душанбе дар WTCF барои баромадан ба бозорҳои ҷаҳонии сайёҳӣ нақши муассир мегузорад
Дар Пекин бо ташаббуси Федератсияи умумиҷаҳонии шаҳрҳои сайёҳӣ /WTCF/ дар мавзӯи «Эҳёи туризми ҷаҳонӣ ва фаъолсозии рушди шаҳр» (Revitalizing World Tourism and Energizing City Development) бо иштироки роҳбарияти Шӯрои (WTCF), Дабири кулли Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ, намояндагони шаҳрҳои нави узви федератсия Саммити сайёҳии WTCF ва Конфронси сайёҳӣ оид ба ҳамкорӣ ва рушд-2021 баргузор гардид, ки дар он раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Тоҷиддин Ҷӯразода тариқи маҷозӣ иштирок ва сухан намуд.
Дар доираи Фестивал ва Форуми байналмилалии сайёҳӣ ба шаҳри Душанбе сертификати «Пойтахти сайёҳӣ эълон гардидани Душанбе» супорида шуд
Бунёди иншооту кохҳои хуштарҳу муҳташам, боғу гулгаштҳои зебо, меҳмонхонаҳо ва муассисаҳои фарҳангӣ, ки бо ҳунари волои меъморӣ бунёд ёфтаанд, имконоти хизматрасонии Душанберо ба сатҳи меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ гардонида, омили муаррифии пойтахти Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон ҳамчун шаҳри сайёҳӣ гардидааст.
Page 1 of 21